Ифшои харидуфурӯши навзод дар маркази савдои “Содот”
Мақомоти пулиси шаҳри Душанбе аз ифшои ҳолати харидуфурӯши навзод дар маҳаллаи 46-уми пойтахт хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар фурӯши навзод модари 21-сола аз шаҳри Ваҳдат муттаҳам мешавад. Ӯро 18 феврал боздошт кардаанд. “Муайян карда шуд, ки дастгиршуда дар назди маркази савдои “Содот”, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт тифли навзодашро ба шаҳрванд Н.Г., соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 500 доллари амрикоӣ фурӯхтааст”,-мегӯяд сарчашмаи хабар.
Мақомоти пулис мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.