Эроди шаҳрдори Хуҷанд аз сохтмони маркази савдои оташгирифта
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд аз натиҷаи корҳои сохтмонӣ ва барқароркунии марказҳои савдое, ки дар интиҳои соли гузашта дар пайи сӯхтор зарар диданд, боздид кардааст.
Дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд мегӯяд, Раҷаббой Аҳмадзода аз корҳои барқарор ва азнавсозии марказхои савдои “Барфак”, “Баҳор” ва “Тоҷир” дидан карда, ба сатҳи риояи талаботи сохтмонӣ, меъморӣ, зидди сӯхтор ва уствории бунёди он таваҷҷуҳ зоҳир намудааст: “Вале нисбат ба корҳои сохтмонии нотамоми маркази савдои “Тоҷир” эрод гирифта, дастур дод, ки то интиҳои ҳафта бояд соҳибкорон фаъолияти худро дар тамоми марказҳои номбурда идома диҳанд”.
Ҳамчунин, раиси шаҳри Хуҷанд доир ба сафолакпӯш намудани роҳравҳо, ба тартиб даровардани овезаҳои рекломавӣ, қатъиян риоя намудани талаботи савдо дар дохили нуқтаҳои муқарраргашта супориш додааст.
Шаби 15 ба 16 ноябр дар пайи як сӯхтор марказҳои савдои "Тоҷир", "Барфаки Хуҷанд", "Баҳор" ва "Сино"-и назди бозори "Панҷшанбе"-и маркази вилояти Суғд зарар диданд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар назди бозори “Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷандро натиҷаи ихроҷи гази моеъ дар ошхонаи “Ханиф” гуфт. Манбаъ масоҳати умумии сухторро 800 метри мураббаъ ва зарари расидаро 994000 сомонӣ ҳисоб кардааст.