Коҳиши мизони муҳоҷирати тоҷикон ба Санкт-Петербург
Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки моҳи январи соли равон ба Санкт-Петербург рафтаанд, дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2014 ҳудуди 22 дарсад коҳиш ёфтааст.
Елена Дунаева, раҳбари минтақавии Раёсати Хадамоти федеролии муҳоҷират ба расонаҳои русӣ гуфтааст, дар моҳи январи соли 2015 -- 5,6 ҳазор табааи Тоҷикистон ба Санкт-Петербург омадаанд. Дар ҳоле ки ин рақам моҳи январи соли сипаришуда беш аз 7,1 ҳазорро ташкил мекардааст.
Ба қавли ӯ, коҳиши муҳоҷирони корӣ миёни шаҳрвандони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам дида мешавад. Аз ҷумла дар як моҳи ахир танҳо 969 шаҳрванди Қирғизистон вориди Питер шудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли пеш ду баробар камтар будааст. Аз Узбакистон 13,5 ҳазор нафар ба ин минтақа омадааст, ки аз соли гузашта 4 ҳазор тан камтар гуфта мешавад. “Коҳиши муҳоҷирони корӣ дар оғози сол як раванди маъмулӣ аст, чун ҳоло мавсими корӣ оғоз нашудааст. Дар арафаи идҳои солинавӣ бисёриҳо ба ватани худ мераванд ва фасли баҳор, вақте ниёз ба неруи корӣ пайдо мешавад, бармегарданд”,-гуфтааст Елена Дунаева.
Аз ин пеш Константин Ромодановский, раҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷират ё ФМС аз коҳиши муҳоҷирони корӣ дар Русия хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса ба соли сипаришуда теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Русия дар аввали моҳи соли 2015, 8 дарсад кам шудааст.
Қаблан, коршиносон ҳадс зада буданд, ки бо далели шадид шудани қонунгузории марбут ба муҳоҷирати Русия ва буҳрони молӣ дар ин кишвар теъдоди муҳоҷирон коҳиш меёбад. Бино ба омори ғайрирасмӣ беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор дорад, ки аксари онҳо дар Русия ҳастанд.