Эълони ҳукми се ҳамроҳи Давлат Чолов
Орзуи КАРИМ
Додгоҳи вилояти Хатлон се тан аз ҳамроҳони зиндонии Давлат Чоловро барои ҷалби маҳбусон аз дохили зиндон ба ҷанги Сурия айбдор карда, ба болои ҳукми пештараашон дусолии дигар изофа намудааст. Қаблан Абдураҳмон Қодиров, Савриддин Ҷӯраев ва Азаматҷон Хоҷамқулов, яке 17 ва дуи дигар аз 19 то 26 сол ҳукм гирифта, дар зиндон адои ҷазо менамуданд.
Намояндаи додситонии вилояти Хатлон дар мурофиаи охирини парвандаи Давлат Чолов ва ҳамроҳони ӯ аз додрас талаб карда буд, то ин се нафарро бо шумули ҳукми пештараашон аз 20 то 30 ва Давлат Чолову Абдураҳим Шукуровро чорсолӣ аз озодӣ маҳрум кунад. Агарчӣ ҳоло додгоҳ ҳукми се тан аз аъзои ин гуруҳи панҷнафариро эълон кардааст, аммо бино бар шарҳ хостани додрас аз Додгоҳи Қонуни асосӣ эълони ҳукми Давлат Чолов ва ҳамроҳаш Абдураҳим Шукуров ба таъхир афтодааст.
Додраси парванда аз Додгоҳи конститусионии Тоҷикистон хостааст, то банди яке аз моддаҳои Кодекси ҷиноиро шарҳ диҳад. Дар ин банди моддаи Кодекси ҷиноӣ гуфта шудааст, дар сурати сидқан пушаймон шудани нафаре, ки дар иттиҳодияи ғайриқонунии мазҳабӣ аъзо шуда, вале ҳеҷ ҷинояте содир накардааст, бахшида мешавад. Додрас аз Додгоҳи констутитусионӣ хостааст, то шарҳ диҳад, ки нафари дастгиршуда баъди боздошташ ибрози пушаймонӣ кунад, оё ин банди Кодекси ҷиноӣ нисбат ба ӯ татбиқ хоҳад шуд, ё на. Ҳоло то шарҳи Додгоҳи конститутсионӣ ҳукми Давлат Чолов эълон нахоҳад шуд.
Қаблан, ин панҷ нафар, се тан аз зиндон ва ду нафар дар озодӣ барои ҳамкорӣ барои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷанги Сурия гумонбар дониста шуда, бар асоси банди 187, қисми 3 (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан муҳим), банди 307 (ташкили созмони ифротгаро)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
Давлат Чолов бо Абдураҳим Шукуров дар ҳоле боздошт шуданд, ки мехостанд, ба Туркия парвоз кунанд. Зимни мурофиаи додгоҳӣ Чолов гуфтааст, ҳадафи ӯ аз сафар ба Туркия Сурия рафтан набуд, балки мехост, барои тиҷораташ аз Туркия коло биёрад.
Ин парванда дар ҳоле пурсарусадо шуд, ки Давлат Чолов яке аз фармондеҳони собиқи Фронти Халқӣ ва бародари Қурбон Чолов мебошад.