Барканории генерал Қурбонзода, Шарифзода, Арбобов ва Нурзода
Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, додситонҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанберо аз мақомашон барканор кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 17 феврал дар маҷлиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз кори мақомоти додситонӣ интиқоди шадид намуда, бо зикри камбудиҳои ҷиддӣ дар ин соҳа дастур дод, муовини якум ва ҳамаи муовинони Додситони кулл ва прокурорҳои вилоятҳо иваз карда шаванд.
То лаҳзаи нашри ин хабар иттилоъ дар мавриди аз вазифа барканор шудани Мирзошариф Шарифзода - додситони шаҳри Душанбе, Муҳаммадхоҷа Арбобов, додситони вилояти Бадахшон, генерал-майори адлия Шариф Қурбонзода- додситони вилояти Суғд ва Сироҷиддин Нурзода - додситони вилояти Хатлон расонаӣ шудааст.
Аммо то ҳол муовини аввал ва муовинони додситони генералии Тоҷикистон иваз нашудаанд ва аз таъини прокурорҳои нави Душанбе ва вилоятҳо низ иттилое нест.
Эмомалӣ Раҳмон 24 январ фармони аз вазифа озод кардани Додситони кулл -- Шерхон Салимзодаро содир намуд, ки аз 30 январи соли 2010 ин курсиро дар ихтиёр дошт.