Радди дархост барои мулоқоти Кабирӣ бо донишҷӯёни “номанавис”
Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба дархости бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки барои ташкил ва баргузории вохурии донишҷӯёни ин донишгоҳ бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб кумак ва иҷоза хоста буд, ҷавоби рад додааст.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар номаи ҷавобии Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба онҳо, гуфта шудааст, ки ин дархости ҳизб хилофи қонунҳои амалкунандаи кишвар мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, дар номаи Мақсудов А. Т. - ректори Донишгоҳи Хуҷанд омадааст, “тибқи моддаи 3 банди 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" дар муассисаҳои таълимӣ тарғиб, таъсис ва фаъолияти сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст ва инчунин мутобиқи 19 банди 3 қонуни ҶТ "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ" ҷалб намудани донишҷӯён ва шунавандагон ба кор ё фаъолияте, ки ба ин раванд ва фаъолияти таълим вобастагӣ надорад, манъ гардидааст”.
Раёсати Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфтааст, дар асоси гуфтаҳои боло ва дар ду баст фаро гирифта шудани донишҷӯён ба машғулиятҳои таълимӣ ташкил кардани чунин мулоқот ғайриимкон мебошад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, рӯзи 11 декабри соли гузашта зимни як чорабинӣ 150 устоду донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои вилоят ба сафи ҲХДТ шомил шуданд: “Дирӯз дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо баргузории як чорабинии мутантан 150 нафар устодону донишҷӯёни донишкада ба сафи ҲХДТ шомил шуданд”.
Аз сӯи дигар қаблан Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон низ аз шомил шудани як гуруҳи донишҷӯён ва устодонаш ба сафи ҳизби ҳоким бо баргузории як чорабинӣ хабар дода буд. Дар ин чорабинӣ Абдуҷаббор Раҳмонов суханронӣ карда, аз нақши ҲХДТ ва раҳбари он – Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти кишвар ёдрас кардааст. Манбаъ мегӯяд, Раҳмонов таъкид кардааст, “бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандона ва заҳматҳои ҳамешагии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, ки роҳбарии ин ҳизбро бар дӯш дорад, Ватани азизи мо дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосса касб намуда, ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ муаррифӣ гардид”.