ПРЕЗИДЕНТ: Ҷиянамро ҳам ҷазо диҳед, ҳама баробаранд (ВИДЕО)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои амният, дар суҳбатҳои будуни коғазаш аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сӯиистифода аз номи Президент нигаронӣ карда, ба интихоби нодурусти кадрҳо ва исрофи маблағҳо дар Бонки миллии кишвар ишора кардааст.
Раисҷумҳур аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостааст, ҳатто агар хешовандони ӯ низ даст ба ҷиноят зананд, алайҳашон чораандешӣ шавад: “Ҳатто аз номи президент низ сӯистифода мекунанд. Ҷияни ман ҳам бошад, баред назди қонун ҷавоб гӯяд. Қонун барои ҳама як ҳаст.”