Фавти Хушбахти 3-сола зери чархи “Мерседес”-и ронандаи маст
Дар шимоли Тоҷикистон ронандаи сархуши сабукрави “Мерседес-Бенс” се нафарро пахш кардааст, ки яке аз онҳо -- ноболиғи 3-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба “Озодагон” хабар доданд, сабукрав таҳти идораи Собирҷон Мадаминови 30-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст: “Ӯ дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Хистеварз, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон - Зулайхо Раҳимоваи 56-сола, Диловар Каримови 10-сола ва Хушбахт Каримови 3-сола, истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Хистеварзро пахш намудааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин ҳодиса Хушбахт Каримов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Зулайхо Раҳимова ва Диловар Каримов бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона мунтақил мешаванд: “Аз рӯи ин далел парванда боз шуда, тафтишот идома дорад”.