“Разбор”-и гуруҳии тоҷикону узбакҳо бо куштор анҷомид
Раёсати тафтишотии вилояти Тула аз “разбор”-и гуруҳии шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон иттилоъ медиҳад, ки бо куштори як шаҳрванди 24-солаи Узбакистон анҷом ёфтааст.
Ин ниҳод дар куштори шаҳрванди 24 солаи Узбакистон шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистонро муттаҳам мекунад, ки феълан алайҳаш аз рӯи модаи 105 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Русия-куштор парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.
Ба гуфтаи муфаттишон ҷиноят шоми 13-уми феврали соли ҷорӣ содир шудааст: “Шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи як низоъи миёни зодаҳои Осиёи Миёна бо лӯлаи оҳанин ба сари шаҳрванди Узбакистон задааст, ки дар натиҷа дуюмӣ дар беморхона ҷон додааст. Баъди ин қазия гумонбар аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад”.
Мақомоти тафтишотии Русия мегӯяд, феълан барои боздошти дигар иштирокдорони қазия амалиёт идома дорад.