Тоҷикистон аз иҷрои уҳдадориҳояш ба СММ ҳисобот медиҳад
Тоҷикистон дар мавриди иҷро кардани муқаррарорти Паймони байналмилалӣ дар умури ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гузориш медиҳад.
23-юми феврали соли равон дар 54-умин нишасти Кумитаи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии СММ дар шуъбаи Женев, дар баробари Тоҷикистон кишварҳои Гомбиё, Поругвой низ гузориш медиҳанд.
Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ соли 1966 аз ҷониби Маҷмааи Генералии СММ пазируфта шудааст ва соли 1976 эътибори расмӣ пайдо кардааст. Дар ҳоли ҳозир дар баробари Тоҷикистон 161 кишвари дигари дунё низ ин санадро ба тасвиб расонидаанд.
Бар асоси ин Паймон ормонҳои каромоти инсонии озод аз тарс ва ниёзҳо, танҳо дар шароите мешавад ба он даст ёфт, ки агар чунин шароите фароҳам шавад, ки имкон бошад аз ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ истифода кард. Дар ин санад ҳуқуқҳое аз қабили кор (меҳнат), маоши ҳадди ақал, итиҳодияҳои касаба, таъминоти иҷтимоӣ, ҳимояи хонавода ворид шудаанд.
Умури назорат бар иҷрои муқаррароти ин паймонро Кумитаи СММ дар мавриди ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ соҳиб мебошад, ки аз 18 коршиноси мустақил иборат мебошад.