Тоҷикон бештарини зиндониҳои Русияро ташкил медиҳанд
Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои ҷиноии Русия (ХФИҶҶ) зимни як изҳорот иттилоъ додааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон миёни хориҷиёни зиндонии ин кишвар аз ҳама бештар мебошанд. Ин ниҳод мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 7786 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия зиндонӣ мебошанд, ки ҳудуди 0,01 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи хадамоти матбуотии ин ниҳод дар соли 2014 дар муассисаҳои ХФИҶҶ 28,5 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ муҳлати ҷазои худро пушти сар мекунанд, ки танҳо 384 маҳбус аз кишварҳои хориҷи дур буда, боқӣ аз кишварҳои ИДМ мебошанд. Ҷойи дувумро дар миёни зиндониҳои хориҷии Русия шаҳрвандони Узбакистон (6746), сеюмро шаҳрвандони Укроин (2964) ва чаҳорумро шаҳрвандони Озорбойҷон (2846) ташкил медодаанд.