Намояндаҳои САҲА-ро ба мурофиаи Саидов роҳ надоданд
Намояндаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) имрӯз, 17-уми феврал ба мурофиаи додгоҳии соҳибкори зиндонӣ – Зайд Саидов дар боздоштгоҳи муваққатии Душанбе роҳ наёфтаанд.
Чарлз Болланд, яке аз ин намояндаҳо имрӯз, 17 феврал ба “Озодагон” гуфт, ҳадафи онҳо танҳо назорати раванди мурофиаи додгоҳӣ буд: “Ман дақиқан намедонам, ин тасмими кӣ буд. Танҳо ҳаминро медонам, ки вакили мудофеи Зайд Саидов бо касе суҳбат кард ва мо натавонистем он ҷо ҳузур пайдо кунем. Зоҳиран, он ҷо ҷойи кофӣ набудааст”.
Ҷаноби Болланд мегӯяд, онҳо минбаъд низ барои иштирок дар мурофиаи ин соҳибкори тоҷик талош хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 16 феврал Алпомиш Акбаров, раисикунандаи мурофиа дархости Зайд Саидовро барои баргузории мурофиаҳо дар бинои Додгоҳи олӣ бо иштироки намояндагони ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ рад кард. Исҳоқ Табаров, вакили дифои Саидов ба “Озодагон” гуфт, ҳарчанд додрас мурофиаро "кушода" эълон намуд, барои ҳузури намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иҷоза надодааст. Ӯ далел оварда, ки ҷой танг аст ва аз ин рӯ танҳо наздикони Зайд Саидов метавонанд дар мурофиаҳо иштирок кунанд.