Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният: Аз А то Я (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми феврал дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар афзоиши рӯзафзуни коррупсияро дар миёни мансабдорон ва дуздию исрофкории маблағҳои давлатро мавзӯи меҳварӣ қарор дод.
“Коррупсия зиёд шудааст”
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба таҳлилҳо изҳор доштааст, ки дар кишвар ҷиноятҳои коррупсионӣ майли зиёдшавӣ доранд: “Агар соли 2010 ҳамагӣ 1639 ҷиноят ба қайд гирифта шуда бошад, пас соли 2014 2310 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст”. Раисиҷумҳур коррупсияро “кирдори хатарноки зиддидавлатӣ” номида, таъкид дошт, ки ин амали нангин обурӯйи давлатро дар дохил ва хориҷи кишвар коҳиш дода, асосҳои давлатдориро заиф менамояд: “Аз ин хотир, таъкид гардид, ки мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ яке аз роҳҳои асосии таъмини амнияти иқтисодӣ ва умуман амнияти давлат аст”.
То 70%-и барномаҳои давлатӣ дуздида мешавад
Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин аз талафи маблағҳои буҷавие суҳбат кардааст, ки барои татбиқи баъзе барномаҳои давлатӣ ҷудо мегарданд: “Масалан, дар ҷараёни татбиқи “Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015” аз 2,5 миллион сомонӣ маблағҳои ҷудогардида 1,5 миллион сомонӣ ё беш аз 58 фоиз ва «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 миллион сомонии ҷудогардида 1,3 миллион сомонӣ ё 70 фоизи он беҳуда хароҷот ё тасарруф карда шудааст”.
Чаро исрофкориҳо танҳо дар санҷишҳои такрорӣ ошкор мешаванд?
Эмомалӣ Раҳмон, омилеро, ки барои рушди иқтисоди пинҳонӣ дар кишвар мусоидат мекунад, фасодкории мақомоти молия ва андоз хондааст: “Танҳо дар соли 2014 дар ҳаҷми 259 миллион сомонӣ пинҳонкунии андозҳо ошкор шудааст. Қисми зиёди ин маблағҳо дар натиҷаи санҷишҳои такрорӣ ошкор карда шудааст, ки ин аз фаъолияти сусти кормандони мақомоти андоз ва сӯйистеъмоли баъзе аз онҳо дар раванди санҷишҳо мебошад.”
Ноҳияҳо даромадашонро кам нишон медиҳанд
Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин аз мақомоти маҳаллии бархе ноҳияҳо интиқод намудаст, ки манбаи даромадҳои худиро рӯирост кам нишон медиҳанд. Чунин ҳолат боиси ба вуҷуд омадани даромади иловагӣ мегардад, ки он баъдан воситаи сӯйистифода қарор гирифта, ба дигар мақсадҳо равона карда мешавад. Ин гуна камбудиҳо дар фаъолияти ташкилотҳои буҷетии ҳамаи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ошкор карда шудаанд. Инчунин назорати фаъолияти ҷамъиятҳои саҳҳомие, ки дар онҳо давлат саҳм дорад, беҳбудиро талаб менамояд. Фаъолияти аксари онҳо солҳои тӯлонӣ аз назорати молиявӣ берун монда, худсарона барои манфиати худ кор мекунанд.
Заминфурӯшӣ-даромади муфт барои мансабдорон
Раисиҷумҳур инчунин заминфурӯширо дар кишвар як ҳодисаи маъмул арзёбӣ намуд, ки ба манбаи даромади муфт барои шахсони масъул ва мансабдор табдил ёфтааст. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тайи панҷ соли охир вобаста ба қонуншиканиҳо дар соҳаи замин 290 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст. Дар ҳамин давра аз ҷониби мақомоти прокуратура дар ин самт 2687 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки 441 адади онро парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидошта ташкил медиҳанд. Вале бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, қонуншиканӣ дар истифодаи замин ҳанӯз ҳам кам нест.Зарур аст, ки мубориза дар ин самт пурзӯр карда шавад.
Интиқод аз боздошту парвандаҳои беасоси Оҷонсии зидди фасод
Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ин аз камбудиҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия интиқод намудааст, ки беасос ва ғайриқонунӣ оғоз намудан ва боздоштану қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ, нодуруст банду баст кардани кирдори ҷиноятӣ, вайрон кардани муҳлати санҷиши молиявӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, ба мақомоти дахлдор нафиристодани натиҷаи санҷишҳои молиявӣ, рӯйпӯш кардани ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо аз ҷумлаи он камбудиҳоянд. “Махсусан, аз тарафи кормандони ин ниҳод содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла кирдорҳои коррупсионӣ боиси нигаронист. Аз ҷониби кормандон риоя нашудани муҳлатҳои муқарраршуда ва бидуни тамдиди мӯҳлат кашол додани санҷиш ба мушоҳида мерасад. Инчунин, аз ҷониби кормандон риоя нашудани муҳлатҳои муқарраршуда ва бидуни тамдиди мӯҳлат кашол додани санҷиш ба мушоҳида мерасад. Масалан, санҷиш дар иншооти обрасонӣ ва пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод аз муҳлати муқарраршуда 30 рӯз зиёд, Идораи сохтмони асосии Вазорати тандурустӣ 27 рӯз, Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Вазорати тандурустӣ 28 рӯз зиёд кашол ёфтааст. Ҳамчунин, ҳодисаҳое низ ошкор карда шудаанд, ки мутахассисон бархилофи талаботи нақшаи корӣ ва фармони роҳбарияти Агентӣ фаъолияти субъектҳоеро мавриди тафтишу санҷиш қарор додаанд, ки дар нақша ё фармон пешбинӣ нашудааст. Ҳолатҳое ҷой доранд, ки ҳангоми санҷишҳои молиявӣ қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ, аз қабили камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ ошкор гардидаанд, вале маводи санҷишӣ барои додани баҳои ҳуқуқӣ ва қабули қарори қонунӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол карда нашудааст”.
Рӯйхати амволи мансабдорон пешниҳод шавад
Бо зикри ин камбудиҳои Оҷонсӣ Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст, ки мубориза бо коррупсия дар ин ниҳод ва ҷомеа бо ҷалби комиссияҳои ҷамъиятӣ пурзӯр карда шавад: “Дар ин росто, зарур мешуморам, ки шакли эъломияи амвол ва даромади хизматчиёни давлатӣ такмил дода шуда, он ба шароити имрӯза мутобиқ гардонида шавад. Барои он, ки дар ҷомеаи мо коррупсия ба таври зурурӣ пешгирӣ ва сатҳи он паст карда шавад, бояд пеш аз ҳама, кормандони Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва судҳои мамлакат, ки мардум онҳоро ҳамчун намояндагони ҳокимият ва ҳомиёни қонун мешиносанд, бо дилу нияти нек ва дасти пок фаъолият кунанд ва поквиҷдон бошанд”.
Парвандаҳои беасос хисороти зиёди молию маънавӣ доранд
Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин зикр намудааст, ки дар 5 соли охир аз тарафи судҳо 3718 парвандаи коррупсионӣ нисбат ба 4796 нафар баррасӣ гардида, аз ин шумора 44 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 68 нафар ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шуда, вобаста ба 5 парвандаи ҷиноятӣ ба 8 нафар ҳукми сафедкунанда бароварда шудааст: “Инчунин 630 парванда нисбат ба 839 нафар бо асосҳои пешбининамудаи қонун қатъ карда шудааст. Бояд гуфт, ки дар паси ин парвандаҳо натанҳо шахсони гумонбар, балки аҳли оила ва наздикону пайвандони онҳо истодаанд. Гузашта аз ин, табиист, ки парвандаҳо, бо ҳаракатҳои оперативию ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ, муҳокимаҳои судӣ, вақти кории зиёдатӣ, хароҷот ва сарсониву саргардонии одамони зиёд алоқаманд мебошанд. Чунин тарзи кор, хусусан оғози беасоси парвандаҳо метавонад ба шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат хисороти зиёди моливу маънавӣ расонад. Ин ҳолатҳо шаҳодат медиҳанд, ки ҳангоми оғоз кардани маводи оперативӣ, парвандаҳои ҷиноятӣ ва санҷишу тафтиши онҳо ба бепарвоӣ, шитобкорӣ ва бемасъулиятӣ роҳ дода шуда, на ҳамаи парвандаҳо пурра, ҳаматарафа, холисона ва дар асоси талаботи меъёрҳои қонун санҷиш ва тафтиш карда мешаванд. Аз тарафи дигар, чунин ҳолат аз сатҳи пасти дониши касбии баъзе кормандони соҳа шаҳодат медиҳад”.
Генерал Раҳимзода! Ба мардум наздиктар шав!
Дар ҷаласаи инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон ба Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ дастур додааст, ки ба хотири бартараф кардани қонуншиканиҳои кормандони ниҳоди зертобеаш бевосита бо сокинони шаҳру навоҳии кишвар мулоқот кунад. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мардум бевосита мулоқотҳо бояд доир намуд, то ки арзу доди онҳоро, аз ҷумла доир ба қонуншиканиҳои худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шунида, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ карда шавад.” Инчунин таъкид шудааст, ки “барои ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун бояд бо мардум дар алоқаи доимию бевосита бошад”.
Савгандшикании 1211 хизматчии давлатӣ ва ҳомии ҳуқуқ
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷаласа инчунин аз қонуншиканиҳои хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз ва сохторҳои низомӣ нигаронӣ карда, гуфтааст, онҳо ба ҷои пешгирӣ аз ваколати худ сӯистифода карда ба ҷинояткорӣ даст мезананд. “Савганди касбии ёдкардаашонро вайрон карда, худ ба содир намудани ҷиноятҳои сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, беамалӣ дар иҷрои вазифа, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, гирифтану додани пора, қаллобӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, шиканҷа, хунукназарӣ ва дигар ҷиноятҳо даст мезананд, ки боиси нигаронӣ мебошад.”- афзудааст ӯ Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар давоми 5 соли охир нисбат ба 1 ҳазору 211 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ парвандаи ҷиноии дорои хусусияти коррупсионӣ оғоз ва тафтиш шудааст, ки “аз ин ҳисоб ба Вазорати корҳои дохилӣ 267 нафар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 33 нафар, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ 170 нафар, Вазорати мудофиа 113 нафар, Гвардияи миллӣ 34 нафар, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 5 нафар, Агентии назоратии маводи нашъадор 6 нафар, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 15 нафар, Вазорати адлия 73 нафар, прокуратура 44 нафар, судҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо 35 нафар, мақомоти андоз 116 нафар ва ба мақомоти гумрук 45 нафар рост меояд.”
Ҷинояткорӣ майли афзоиш дорад
Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз тамоюли афзоиши ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ кардааст. Ба қавли раисҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2014 дар кишвар 19 ҳазору 352 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2013 1016 ҷиноят ё 5,5 фоиз зиёд мебошад: “Зиёдшавии ҷиноят дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода, ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Рашт, Файзобод, Нуробод ва Ҷиргатол ба қайд гирифта шудааст. Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки дар давоми соли гузашта аз тарафи ноболиғон ё бо иштироки онҳо 800 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 75 ҳолат ё 10,3 фоиз зиёд мебошад. Инчунин ӯ аз зиёд шудани ҳолатҳои пинҳон кардани ҷиноят аз қайд ибрози ташвиш карда, гуфтааст, танҳо дар соли гузашта 1 ҳазору 140 ҷинояти аз қайд пинҳонгардида ошкор ва ба қайд гузошта шудааст, ки нисбат ба соли 2013 26 ҳолат зиёд мебошад: “Дар ин давра дар кишвар 6 ҳодисаи марбут ба терроризм ба қайд гирифта шуда, 6 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 11 нафар оғоз ва 124 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 319 нафар аъзои ташкилотҳои экстремистиву террористӣ тафтиш шудааст.”
Ҳушдори дигарбора аз ифротгароёни динӣ
Ӯ бори дигар аз хатари терроризму экстремизми динию мазҳабӣ ҳушдор дода, онро як хатари бузурги ҷаҳонӣ хондааст: “Дар паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштам, ки терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст. Ваҳшату даҳшат ва оқибатҳои хунбори онро ҳар рӯз мо тавассути телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма мебинем ва мешунавем”. Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки барои пешгирии мушкилот ва ҳодисаҳои нохуши дар боло зикршуда бояд бо падару модарон, мактабу маориф ва олимону зиёиён дар самти таълиму тарбияи фарзандон ва дар рӯҳияи созандагию меҳанпарастӣ тарбия кардани онҳо ҳамкориро ба роҳ монд: “Бинобар ин, роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки ҳамкориро бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дуруст ба роҳ монанд”.