Президент соҳибони нафақаҳои “осмонӣ”-ро ном бурд: Ҳукумов зикр нашуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 17 феврал дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар номи чанд нафарро, ки тариқи сохтакорӣ нафақаҳои ҳангуфти маъюбӣ мегирифтаанд ё аз номи нафари фавтида маблағи бознишастагӣ мегирифтаанд, номбар кард.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар ин ҷаласа изҳор дошт, Оҷонсии мубориза бо фасод таъини нафақаи маъюбӣ дар солҳои 2012-2014-ро санҷида, камбудиҳои ҷиддӣ ошкор кардааст: Аз ҷумла ба ҳолати 1-уми январи соли 2015 ба суратҳисобҳои бонкии нафақагирони фавтида 797 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Тасаввур кунед, ки ҳолатҳои баъди вафоти нафақагирон ба суратҳисоби бонкии онҳо зиёда аз се сол пардохт кардани маблағи нафақа низ ҷой доранд.
Масалан, шаҳрванд Ҷабборов Саъдулло аз моҳи марти соли 1992 ҳамчун нафақахури маъюби гурӯҳи II ба қайд гирифта шуда, 10-уми апрели соли 2011 вафот кардааст. Баъд аз вафоташ дар давоми 3 солу 5 моҳ ба суратҳисоби ӯ 46 ҳазор сомонӣ пардохт карда шуда, маблағи мазкур аз ҷониби ҳамсараш дар 140 ҳолат азони худ карда шудааст. Чунин мисолҳо зиёданд.
Дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандон бо мақсади истифода аз имтиёзҳои нафақавӣ ба сохторҳои дахлдор бо ҳар роҳу восита ҳуҷҷатҳои маъюбии қалбакиро пешниҳод намуда, соҳиби нафақаи маъюбӣ гардидаанд ва аз ин ҳисоб ба буҷети давлат дар 24 ҳолат ба маблағи 1 миллиону 320 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расонидаанд.
Аз ҷумла шаҳрванд Юсупова Гулчеҳра аз 1 октябри соли 2003 ҳуҷҷати маъюби гурӯҳи дуюм пешниҳод намуда, ба ӯ 3572 сомонӣ нафақа таъин карда шудааст. Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки ҳуҷҷати маъюбии Юсупова Г. дар Хадамоти давлатии ташхиси тиббиву иҷтимоӣ ба қайд гирифта нашуда, оид ба бемории ӯ санади маъюбӣ вуҷуд надорад. Яъне дар асоси ҳуҷҷати маъюбии қалбакӣ ба ӯ 138 ҳазор сомонӣ нафақаи ғайриқонунӣ таъин ва пардохт карда шудааст.
Ё худ шаҳрванд Зайдов Ҳадятулло моҳи сентябри соли 2008 ҳуҷҷати маъюбии гурӯҳи дуюм пешниҳод намуда, ба ӯ 2061 сомонӣ нафақапулӣ таъин карда шудааст.Санҷиш муайян намуд, ки ҳуҷҷати маъюбии Зайдов Ҳ. қалбакӣ буда, дар мақомоти дахлдори давлатӣ ба қайд гирифта нашудааст ва аз ин ҳисоб ба маблағи 132 ҳазор сомонӣ нафақаи ғайриқонунӣ гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин афзудааст, ки ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки ба шаҳрванд дар ду ҷой нафақа таъин карда шудааст, яъне дар ду ноҳия нафақа мегирад: Масалан, ба шаҳрванд Достиева Сайбӣ моҳи апрели соли 1980 дар ноҳияи Рӯдакӣ нафақа аз рӯи синну сол таъин карда шудааст. Баъдан соли 1995 дар шаҳри Роғун ба номбурда нафақа таъин карда мешавад. Маблағи дар ин давра ғайриқонунӣ ба ӯ пардохтшуда 9700 сомониро ташкил менамояд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки инчунин афроде ҳастанд, ки дар вазифаҳои масъули давлатӣ ва ғайридавлатӣ кору фаъолият намуда, ҳам маош ва ҳам нафақаи маъюбӣ гирифтаанд: Санҷиш дар ин самт 620 ҳолати ба маблағи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ пардохт кардани нафақаро муайян намудааст.
Масалан, ба шаҳрванд Обидҷонов Нуриддин аз моҳи марти соли 2005 ҳамчун бемор ҳуҷҷати маъюбии гурӯҳи сеюм дода шуда, дар асоси маълумотномаи Корхонаи муштараки «Оби зулол»-и шаҳри Истаравшан ба маблағи 9805 сомонӣ нафақаи маъюбӣ моҳона таъин карда шудааст ва ба ӯ ба маблағи 352 ҳазор сомонӣ нафақаи маъюбӣ пардохт гардидааст. Муайян карда шуд, ки Обидҷонов Н. дар баробари гирифтани нафақаи маъюбӣ боз ба ҳайси директори Корхонаи муштараки «Оби зулол» кор карда, ба маблағи 1 миллиону 121 ҳазор сомонӣ музди меҳнат гирифтааст.
Ё ин, ки ба шаҳрванд Носиров Файзулло моҳи марти соли 2012 ҳамчун бемор ҳуҷҷати маъюбии гурӯҳи сеюм пешниҳод намуда, дар асоси маълумотномаи Корхонаи муштараки «Оби зулол» ба ӯ ба маблағи 5298 сомонӣ нафақаи маъюбии моҳона таъин гардидааст ва ба маблағи 191 ҳазор сомонӣ нафақаи маъюбӣ пардохт шудааст.
Носиров Ф. дар баробари гирифтани нафақаи маъюбӣ боз ба ҳайси муовини директори корхонаи зикршуда фаъолият намуда, ба маблағи 170 ҳазор сомонӣ музди пардохта шудааст.
Ба шаҳрванд Азизбоев Музаффар аз моҳи марти соли 1999 ҳамчун бемор ҳуҷҷати маъюбии гурӯҳи сеюм дода шуда, дар асоси маълумотномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Имон интернейшнл»-и шаҳри Хуҷанд ба маблағи 3275 сомонӣ нафақаи маъюбии моҳона таъин карда шуда, ба ӯ дар давраи тафтишӣ ба маблағи 352 ҳазор сомонӣ нафақаи маъюбӣ пардохт карда шудааст.Муайян карда шуд, ки Азизбоев М. дар баробари гирифтани нафақаи маъюбӣ боз ба ҳайси директори ҷамъияти мазкур фаъолият намуда, 117 ҳазор сомонӣ музди меҳнат гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки чунин ҳолат, пеш аз ҳама, дар натиҷаи бемасъулиятӣ зоҳир намудани кормандони Хадамоти давлатии ташхиси тиббиву иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми муайян намудани хулосаи тиббӣ ва нодуруст муқаррар намудани гурӯҳи маъюбии шаҳрвандон рӯй додаст. Ӯ дар ин робита ба мақомот супориш додааст, ки муборизаро дар ин самт пурзӯр намоянду барои барқарор намудани маблағҳои зарари молиявӣ чораҳои қатъӣ андешанд: “Илова бар ин, якҷо бо сохтори дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тамоми нафақагирони маъюбро аз ташхис гузаронида, бо мақсади таъмин намудани шаффофияти таъини нафақаҳои маъюбӣ маълумотро хусусан доир ба хизматчиёни давлатие, ки нафақаи маъюбӣ мегиранд, тавассути воситаҳои ахбори омма пахш намоянд.”
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон аз нафақаи маъюбии Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, собиқ раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон” зикр накард, ки ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов 8400 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирад. Ба гуфтаи Наҷмиддинов ин нафақа барои Амонуллои Ҳукуматулло соли 2011-ум, се сол пеш аз барканорияш, таъин шудааст.
Қаблан Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, афроди алоҳида дар кишвар тариқи сохтакорӣ нафақаҳои маъюбии калонҳаҷмро мегиранд. Раиси Оҷонсии зидди фасод, аз ҷумла Наталя Назаршоева, роҳбари "Бонки рушди Тоҷикистон"-ро ном бурд, ки моҳе 17 ҳазор ва дар чор сол 718 ҳазор сомонӣ нафақа гирифтааст: “Ин ҷо боз Амонуллоҳ Ҳукуматулло ва боз як нафар корманди худи корхонаи роҳи оҳан, ки моҳе 1815 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирифтааст.”