Дастури Президент барои иваз намудани тамоми роҳбарони Прокуратура
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 17 феврал дар маҷлиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз кори мақомоти додситонӣ интиқоди шадид намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Юсуф Раҳмонов, додситони кулл, зимни ҷаласа аз камбудиҳои кори мақомоти прокуратура гузориш додааст. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо назардошти камбудиҳои ҷиддӣ дар ин соҳа Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, муовини якум ва ҳамаи муовинони Додситони кулл ва прокурорҳои вилоятҳо иваз карда шаванд.
Аммо манбаъ ҷузъиёти камбудии кори прокуратураро шарҳ надодааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи баргузории ҷаласаи Шӯрои амниятро баррасӣ намудани масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти иқтисодии давлат, вазъи мубориза бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ, истифодаи самарабахшу мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ ва андешидани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати беҳтар кардани фаъолияти сохторҳои дахлдори соҳа арзёбӣ кардааст.
Боиси тазаккур аст, 24 январ фармони аз вазифа озод шудани Додситони кулл -- Шерхон Салимзода расонаӣ шуд. Ӯ аз 30 январи соли 2010 ба ин курсӣ нишаста буд.