Пашша ё муҳити пашазо. Кадомеро бояд аз байн бурд?
Сайф САФАР
Гузоришҳо дар бораи муллоҳо, ки даст ба корҳои аҷибу ғарибе мезананд, дар соли гузашта аз тариқи “Шабакаи аввал” фаровон ба намоиш гузошта шуд. Шаъну манзалату ин қишри ҷомеа то андозае дучори уфти чашмрас гардид ва аз руҳониёни порсову парҳезгор ҳам чеҳраи хашан барҷой гузошт. Аммо, аз чӣ бошад бо ин ҳама ифшогариҳо ҳоло ҳам мардум бароҳатӣ дар доми муллои инчунинӣ дармемонанд ва “кӯр ҳар бор асояшро гум мекунад”.
Намунаи “беҳтарин”-и ин намоишҳо қазияи “Шайх Темур” буд, ки ҳамаро пойи телевизион шинонду чанд рӯзи дигар маҳфилҳои хосу омро гарм нигоҳ дошт. Дар ҷойи шигифтӣ ва суолгузорист, ки чӣ гуна тавониста ин теъдод мардумро мӯътақид кунад? Чиро дар ҷомеъаи мо ба мулло то ин ҳад эътимод аст? Ин эътимод аз чӣ маншаъ мегирад? Ба назар мерасад, ки давлат бо намоиш додани ин гуна наворҳо ба гӯнае алайҳи ин даста падидаҳо мубориза мебрад, вале ҳоло ҳам то пирӯзӣ роҳ ҳаст. Умед дорем, ки ҳарчӣ зудтар бирасад. Вале, фикр мекунам ин наҳваи мубориза мувофиқ нест. Мегӯянд, мубориза бо пашша наметавонад онро ба нестӣ бубарад; муҳити пашшазоро бояд нест кард.
Гуфта мешавад, ки “Шайх Темур”ба табобати беморон ҳам машғул будаву мансабдорон ҳам барои дуогирӣ ба дидори ӯ мерафтанд. Чаро бемор ва чаро мансабдор? Имрӯз, ки дигар ба табибон боварӣ намондааст, пойи беморонро ба даргоҳи Шайх Темур мекашонад. Мариз аз ворид шудан ба дари беморхона аз пӯшидани “бахил” шурӯъ мекунад ва то берун шудан аз ин даргоҳ бояд ин ҷо он ҷо пул бидиҳад. Пизишк барояш дар чанд саҳифа доруву дармон менависад ва амр мекунад, ки инҳоро танҳо аз фалон дорухона пайдо мекунӣ. Кас агар аз як ҷояш шикоят дошта бошад ба ҳангоми ташхис чанде дигар беморӣ пайдо мешавад. Аз ин ҷиҳат кас тарҷеҳ медиҳад, ки ба пеши мулло биравад. Як бор ки рафт дигар мулло худ беҳтар медонад ва роҳат дар қафас мемонад.
Мансабдор, хосатан мансабдрони сутуҳи боло ҳам, ки шумори камашон даст дар ришваву пора надоранд мераванд назди мулло ки дуо бигиранд, то чашми мақомот дар баробари эшон кӯр шавад. Ҳоло суоли беҷавоб ин аст, ки чӣ мардуми авомро ба назди чунин “шайхҳо” мебарад? Фикр намекунед, ки эҳтиёҷ ва эътимод аст, ки халқи оммиро гирди “шайхҳо” мебарад?
Шояд ба ҷои пахши чунин наворҳо тавре фаъолият намоем, ки эҳтиёҷоти мардум бароварда шавад ва мардум ба низоми ҳокимият бахусус ҳокимияти маҳаллӣ эътимод дошта бошад?
P.S Воқеан тавре дар навор дида мешавад шайх Темур низоми “ҳукумат”-и худро таъсис додааст.