Ҳодисаи маргбор дар роҳи оҳани Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шоми 16-уми феврал дар роҳи оҳани шаҳри Душанбе ҳодисаи нохуши маргбор рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, тахминан соати 17:40 тепловози “ТЭМ-2 УМ” таҳти идораи ронанда Худойдод Мирзоев, сокини шаҳри Душанбе ва ёрдамчии ӯ -- Рустам Наҷмиддинов, сокини шаҳри Ваҳдат, соли таваллудашон 1983 ҳангоми ҳаракат дар километри 4685-уми байни истгоҳҳои роҳи оҳани Душанбе-2 ва Душанбе-1 шаҳрванд Норбиш Менглиқулова, соли таваллудаш 1965, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо пахш намудааст: “Дар натиҷа Менгиқулова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.”
Ин дар ҳолест, ки садамаи марговари дигар дар роҳи оҳани Тоҷикистон ҳамагӣ ду моҳ пеш дар вилояти Суғд рух дода буд. дар натиҷаи бархӯрди мошину тепловоз Муъминҷон Ҳоҷибоев, сокини 36-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳалокат расид.