Нигаронии раиси Ҳизби аграрӣ аз вазъи деҳқони тоҷик дар дидор бо интихобкунандаҳо
Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар суҳбат бо интихобкунандаҳо аз вазъи бади деҳқони тоҷик ва хатари ҷиддӣ ба амнияти озуқавории кишвар ҳушдор додааст.
Латифзода дар вохурӣ бо интихобкунандаҳои вилояти Суғд гуфтааст, “ҳарчанд дар мамлакат маводи озуқа аз рӯи аксари намудҳо ба қадри зарурӣ истеҳсол мегардад, баъзе маҳсулоти соҳа, аз ҷумла гандум, равған аз хориҷ ба маротиб зиёд ворид мегардад.”
Ба гуфтаи ӯ, ин раванд ҳам ба амнияти озуқавории Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дошта ва ҳам истеҳсолкунандагони ватаниро ба мудохилаи шадиду ногувори маводи хориҷӣ рӯбарӯ мекунад: “Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ чораҳои самарабахш аз қабили татбиқи таҷрибаи аз тарафи давлат бо нархҳои кафолатнок харид намудани қисми маҳсулоти истеҳсолнамудаи кишоварзон ва ҷорӣ намудани дигар намудҳои ҳавасмандгардонӣ барои истеҳсолкунандаи ватанӣ бояд андешида шаванд.”
Раиси Ҳизби аграраии Тоҷикистон аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки ҳоло як деҳқони тоҷик 3-4 нафарро бо маводи ғизоӣ таъмин мекунад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, як фермери Исроил 95, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико-79 ва Русия 15 нафарро таъмин мекунад ва дар ҳоле ки теъдоди узви як оилаи деҳотии Тоҷикистон маъмулан ба 6-7 нафар мерасад, заҳмати солонаи аксарияти марди деҳқон барои таъмини талаботи ҳатто оилаи худ кифоя нест: “Аз сабаби паст будани малакаи касбӣ, риоя накардани агротехнология, истифодаи нокифояи техникаи кишоварзӣ, тухмиҳои сифатнок ва нуриҳои минералӣ самаранокии истеҳсоли маҳсулоти соҳа паст мебошад. Деҳқони тоҷик дар ҳоле 3-4 нафаро бо озуқа таъмин мекунад, ки теъдоди узви як оилаи деҳотии Тоҷикистон маъмулан ба 6-7 нафар мерасад.”
Дар вохӯриҳои раиси ҲАТ бо интихобкунандаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд масоили марбут ба ҷавонон, мушкилоти шуғлу истироҳати онҳо ва шароити иҷтимоию фарҳангии деҳоти вилоят, чораҳои ҳалли онҳо ва беҳтар кардани шароити кору зиндагии мардуми деҳот, аз ҷумла тавассути таҳияи қонунҳои дахлдор ибрози назарҳо шудааст.