Ташкили нуқтаи овоздиҳӣ дар масҷид ва эътирози КМИР (ВИДЕО)
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ташкили нуқтаи овоздиҳиро дар масҷид мавриди интиқод қарор дод.
Абдуманнон Додозода, раҳбари дастгоҳи КМИРТ рӯзи 17 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” аз ташкили участкаи интихоботӣ дар яке аз масоҷиди ноҳияи Қумсангир ибрози беиттилоӣ карда, гуфт, онҳо ҳаргиз ба ин иҷоза нахоҳанд дод: “Дар ягон гӯшаву канори Тоҷикистон мо дар масҷид ҳавза ё участкаи интихоботӣ накушодаем. Ҳарчанд дар ин бора чизе дар қонунгузорӣ гуфта нашудааст, вале мо ба ин иҷоза намедиҳем, мумкин нест. Дин аз давлат ҷудо аст ва масҷид макони розу ниёз аст.”
Ин дар ҳолест, ки Маҳмудҷон Файзраҳмонов, номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи Қумсангир аз ташкили нуқтаи овоздиҳӣ дар масҷид хабар дод. Ӯ инчунин навореро аз участкаи интихоботии рақами 24 нашр намуд, ки дар он дида мешавад дар масҷиди деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти “Қумсангир”-и ноҳияи Қумсангир нуқтаи овоздиҳӣ ташкил шудааст.
Тибқи моддаи 8-и қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, “участкаҳои интихобот дар санаторияву хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва табобатгоҳҳои дигари доимӣ, дар ноҳияҳои дурдасту душворгузари маҳаллӣ, маҳалли сукунати шаҳрвандон ташкил шуда метавонанд.” Аммо бар асоси моддаи 11-и қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”-и Тоҷикистон, “масҷид иттиҳоди ихтиёрии мусулмонон бо мақсади анҷом додани намоз ва қонеъ гардонидани дигар эҳтиёҷоти динӣ, инчунин намозгоҳи ҷамъиятии исломӣ бо таъиноти умумидиёнатӣ мебошад”.