Боздошти шаш ҷавон бо иттиҳоми cилсилаи дуздиҳо
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти як гуруҳи шашнафараи ҷавонон бо иттиҳоми дуздӣ хабар дод.
Муҳсинҷон Юсуфов, масъули дафтари матбуотии ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, ин афрод шаби 13 ба 14 январи соли равон пинҳонӣ терминали худпардоз ё таври маъмул пулқабулкунак, воқеъ дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷандро шикаста, корношоям кардаанд: “Аз сабаби набудани маблағ аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Маблағи зарари расида 1265 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, 11 феврали соли ҷорӣ онҳо терминали худпардоз дар маҳаллаи 31-умро ҳам мешикананд, ки ба соҳиби он 1265 сомонӣ зарар мерасад”.
Манбаъ мегӯяд, ин гуруҳи шашнафара шаби 10 ба 11 феврал бо роҳи шикастани шишаи дари ошёнаи 3-юми бинои таълимии №1-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як протсессор бо арзиши 1600 сомонӣ, 1 принтер бо арзиши 600 сомонӣ, 1 сканер бо арзиши 310 сомонӣ ва 1 ТР-линг, ки нархаш 145 сомонӣ аст, гирифта ғайб задаанд. “Ҳамчунин, санаи 12 феврали соли равон ба Мактаб-гимназияи ба номи Максим Горкий, воқеъ дар маҳаллаи 33-уми шаҳри Хуҷанд ба тариқи пинҳонӣ ворид шуда, 2 компютери тамғаи “Pentium-4” ба маблағи умумии 3 ҳазору 420 сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Аз ин пештар онҳо аз ин Мактаб-гимназия 1 чойники электрикӣ бо арзиши 160 сомонӣ, 1 радиоприёмник бо арзиши 60 сомониро тасарруф намудаанд”,-афзуд, масъули дафтари матбуотии РУД.
Ӯ аз боздоштшудаҳо Суҳроб Негматов (24-сола, сокини шаҳри Истаравшан, соли 2014 бо моддаи 161-и Кодекси ҷиноии Русия суд шудааст), Наимҷон Шоахмедов (19-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳристон), Ҷумъаҷон Тухтаров (соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Ашт, соли 2013 бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон суд шудааст), Чанобил Ҷумъабойзода (19-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент), Иброҳим Қузиев ва Комрон Султонов (ҳар ду 19-сола ва аз ноҳияи Ашт) ном бурда гуфт, эҳтимол дар анҷоми дигар ҷиноятҳои дуздӣ низ даст доранд: “Феълан аз ин ҷавонон далелҳои шайъӣ гирифта шуда, алайҳи онҳо тибқи моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад”.