Чиллаев қаҳрамони самбои размӣ дар Русия
Сайидо Чиллаев, паҳлавони тоҷики муқими Русия дар мусобиқаи умумирусиягии самбои размӣ, ки байни хидматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Дмитрови вилояти Маскав доир гардид дар ду вазн: 74 ва 81 кг сазовори мақоми аввал ва унвони қаҳрамони Русияро ба даст овард.
Дар ин бора ба “Озодагон” падари ин варзишгар, Улфатшо Чиллаев иттилоъ дод.
Сайидо Чиллаев бо волидайни худ бештар аз 15 сол мешавад, ки дар вилояти Маскав зиндагӣ мекунанд ва солиёни зиёд аст, ки ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла бокс ва самбои размӣ машғул мебошад.
Ба иттилоъи падари паҳлавон дастовардҳои варзишии Сайидо хеле зиёд буда, дар соли 2015 ба даст овардани унвони қаҳрамонии Русия аз намуди самбои варзишӣ муваффақияти нахустин аст.
Акс: Сайидо Чиллаев бо либоси варзишии сурх, аз тарафи рост якум.