Бедаракшавии Моҳбонуи 15-сола аз назди бозори "Саховат"
Моҳбону Давлатова, хонандаи синфи 7 аз шаҳри Норак рӯзи 5-ум аст, ки бедарак шудааст. Ӯ рӯзи 13 феврали соли равон аз хона берун рафта, то ҳол барнагаштааст.
Ҳабибуллоҳ Давлатов, падари ин донишомӯз рӯзи 17 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бори охир духтари ӯро дар наздикии бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе дидаанд.
“Ӯ рӯзи ҷумъаи гузашта ба модараш гуфта, ки мактаб меравад, вале нарафтааст. Баъд аз се рӯзи ҷустуҷӯ дар Норак яке аз сокинон гуфт, Моҳбону ҳамроҳи ӯ дар як таксӣ то шаҳри Душанбе рафта буд ва ҳангоми пурсуҷӯи мо дар пойтахт маълум шуд, ӯ тавассути яке аз нақлиётҳои мусофирбари хатсайри 33 то назди бозори Саховат рафтааст.”- афзуд Давлатов
Падари Моҳбонуи 15-сола аз тамоми сокинон хоҳиш дорад, агар дар бораи фарзанди ӯ нафаре маълумот дошта бошад, бо рақамҳои зерин: 93 558 96 36, 918 58 96 36 ва 93 799 99 89 занг занад.