Вохурии Сироҷиддин Аслов бо Владимир Гаркун
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Владимир Гаркун, муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ВУХ-и кишвар, ин вохурӣ рӯзи 16 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Ҷонибҳо дар ин дидор масоили марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону ИДМ-ро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба масоили омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагону маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо, ки 1 марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, мубодилаи афкор карданд.