Душанбе Наврӯзи байналмилалиро 23 март ҷашн мегирад
Бо қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе маросимҳои таҷлил аз Наврӯз дар пойтахт аз санаи 21 март оғоз мешавад.
21 март чорабиниҳо дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо баргузор хоҳад шуд. Рӯзи 23 бошад, аз ин ҷашни байналмилалӣ дар Боғи “Наврӯзгоҳ” таҷлил мекунанд. Инчунин, рӯзи 24 март бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани пойтахт дар шаҳри Душанбе маъракаи сабзкорӣ доир мешавад.