Устод Ато: Суқути Шӯравӣ натиҷаи шикаст дар Афғонистон буд
Ҷенерол Ато Муҳаммади Нур, волии Балх ва аз сиёсатмадорони таъсиргузори Афғонистон рӯзи 15-уми феврал зимни паём дар мавриди солрӯзи хуруҷи неруҳои Шӯравӣ аз хоки Афғонистон, гуфтааст, ки шикасти Шуравӣ дар Афғонистон мунҷар ба фурӯпошии он шуд ва ғалабаи кишварашро бар Шӯравӣ «пирӯзии мушт дар муқобили шамшер» таъриф кард.
Волии Балх шикасти Шӯравиро «мавқеияти мардуми Афғонистон ва бахше аз ифтихороти таърихии сарзаминаш» номидааст: «Афғонистон ба унвони як нуқтаи истротежик дар қалби Осиё бо ҳамин мушаххаса ҳар гоҳе мавриди таҳоҷум қарор гирифтааст. Боре ҳам мавриди таҳоҷуми артиши то дандон мусаллаҳи Шӯравии пешин қарор гирифта, ки ин артиш пас аз як даҳаи ҷанг натавонист дар баробари иродаи маҳкам ва устувори мардуми Афғонистон тоб биоварад. Саранҷом дар 26 далви соли 1367-и хуршедӣ (15-уми феврали 1989-и милодӣ) маҷбур ба тарки Афғонистон шуд ва охирин сарбози Шуравӣ низ аз масири пули Ҳайратон Афғонистонро тарк ва хотироти талхи сукутро бо худ бурд».
Ҳамчунин Ато Муҳаммади Нур дигар пайомади муқовимати Афғонистон бар муқобили Шӯравиро эҷоди девори дифоӣ барои Аврупо ва Ғарб дар баробари ин абарқудрати Шарқ дониста ва паём додаст, ки «бо ҳиммати миллати сарбаланди мо оромиши аврупоиҳо ва ғарбиҳо фароҳам шуда буд». Ӯ суқути Шуравӣ дар Афғонистонро наҷоти минтақаҳои дигари ҷаҳон аз ғасби Шӯравӣ номидааст. Дар ин паёми худ аз мардуми Афғонистон хитоб кардааст, ки «агар мо 26 сол пеш артиши садҳазорнафарии Шӯравиро шикаст додем, бояд имрӯз дар муқобили терроризм, ҳаросатафканӣ ва толибу ДИИШ низ истода бошем».
Артиши Шӯравӣ 24 декабри соли 1979 тақрибан бо 80 000 низомӣ вориди Афғонистон шуд. Тайи 10 соли ҷанг Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон беш аз 15 000 қурбонӣ дода, ниҳоят 15-уми феврали 1989 аз қаламрави ин кишвар берун шуд.