Дастури Президент барои таъмини 13-соатии мардум бо барқ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 16-уми феврал бо масъулони ҳукумат, дастгоҳи иҷроияи президент, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои кишвар машварати корӣ баргузор намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ба масъулини соҳа дастур додааст , ки шурӯъ аз ҳамин рӯз ба аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳот аз соати 5- субҳ то 11-и рӯз ва аз соати 16:00 то соати 23:00, яъне 13 соатӣ барқ дода шавад. Раисиҷумҳури кишвар таъкид намудааст, ки минбаъд меъёри додани барқ ба аҳолӣ боз ҳам зиёд шудан мегирад.
Манбаъ мегӯяд, дар ин машварат, масоили вобаста ба таъмини фаровонии маводи ғизоӣ дар бозори истеъмолӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулот бо нархҳои дастрас, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, вусъат додани ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонию созандагӣ, таъмини кори мунтазами нақлиёти ҷамъиятӣ, ба роҳ мондани ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ, таъмини аҳолӣ бо газу барқ ва ҳифзи амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар арафа ва рӯзи интихоботи парлумонӣ баррасӣ шудааст: “Вобаста ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки аз ҳамин рӯз сар карда, ба аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳот аз соати 5- субҳ то 11-и рӯз ва аз соати 16:00 то соати 23:00, яъне 13 соатӣ барқ дода шавад. Таъкид гардид, ки минбаъд меъёри додани барқ ба аҳолӣ боз ҳам зиёд шудан мегирад”.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур додааст, ки барои таъмини амният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи фазои орому осуда дар арафа ва рӯзи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ чораҳои муассир амалӣ намоянд.