Тақозои вакил барои баррасии дубораи созишномаи истифодабарии об
Турсунбой Боқир уулу, намояндаи мардумии қирғиз аз Ҳизби “Ор-Номус” хостори баррасии дубораи созишномаи истифодаи об миёни ҳамсоякишварҳо дар парлумон шудааст.
Ӯ гуфтааст, ин созишнома бояд дар парлумон дубора баррасӣ шавад ва ё ҳадди ақал ҷиноҳи Ҳизби “Ор-Номус”-и Қирғизистон атрофи он баҳс кунад. “Имрӯз Узбакистон аз мо иҷрои талаботи созишнома оид ба гази табиӣ ва истифодабарии обро талаб дорад, барои чӣ мо талаб накунем? Парлумони Қирғизистон бояд созишномаи истифодабарии об миёни ҳамсоякишварҳоро аз нав баррасӣ кунад”,- таъкид кардааст Турсунбой Боқир уулу.
Ба гуфтаи ӯ, Жогорку Конеш, парлумони Қирғизистон дар давраи ҳукуматдории Аскар Акаев, раисҷумҳури пешини ин кишвар мехост, бо қабули як қонун обро мол эълон кунад: “Аммо Акаев зидди ин қонун баромада гуфт, агар он қабул шавад ба робитаҳои Қирғизистон бо ҳамсоякишварҳояш халал ворид мекунад ва ҳамин тариқ қонун қабул нашуд. Биёед талаб кунем, ин метавонад, мушкили садҳо гектар заминро ҳал кунад”.