Ҷопон ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ҳудуди 80 ҳазор доллар медиҳад
Ҷопон дар доираи як лоиҳаи грантӣ ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон 79726 доллар ихтисос медиҳад.
Тавре аз Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин маблағ дар чорчуби кумакҳои бебозгашти фарҳангии Ҳукумати Ҷопон ба Тоҷикистон ҷудо шуда, барои лоиҳаи “Барқарорсозии синфхонаҳо ва муҷҷаҳазгардонии шӯъбаи забони ҷопонии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” нигаронида шудааст.
Ба иттилои манбаъ, зери созишномаи мазкур Такашӣ Камада, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва Хуршед Зиёев, ректори Донишкадаи давлатии забонҳо имзо гузоштаанд.
Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соли 1979 таъсис ёфта, дар он зиёда аз даҳ забони хориҷӣ, бо шумули забони ҷопонӣ таълим дода мешавад. “Тибқи лоиҳаи мазкур барои боз ҳам беҳбуд бахшидани омӯзиши забони ҷопонӣ ду синфхона ва утоқи омӯзгорон пурра таъмиру тармим гардида, бо асбобҳои омӯзишӣ аз лиҳози мизу курсӣ, тахтаҳои электронӣ, прожекторҳо, компютерҳо ва дигар ашёи лозим муҷҷаҳаз гардонида мешавад”,-афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, феълан 40 донишҷӯ забони ҷопониро меомӯзанд.