Интихоботи пешазмуҳлати Президент
Маҷмаии халқҳои Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки дар ин кишвар интихоботи пешазмуҳлати Президент баргузор шавад. Дар нишасти рӯзи шанбеи Маҷмаа ин пешниҳод якдилона пазируфта шуда, унвонии мардуми Қазоқистон муроҷиатнома қабул гардидааст.
Ин ниҳоди тобеи президенти Қазоқистон сабаби баргузории интихоботи пешазмуҳлатро таҳдидҳои буҳрони иқтисодии ҷаҳонии вуҷуддошта гуфта, аслан барои президенти кунунии кишвар, Нурсултон Назарбоев, ки наздики 25 сол зимоми роҳбариро дар ихтиёр дорад имконияти роҳбарӣ фароҳам шавад:
«Ба президенти кишвар Нурсултон Назарбоев бояд маъмурияти нави эътимоди умумимиллӣ дода шавад, то кишваро аз санҷишҳои геосиёсӣ дар ин давра бигузаронад».
Аъзои ин Маҷмаа бар ин назаранд, ки маъмурияти эътимоди нав ба Пешвои миллат сарҷамъ ва муттаҳид кардани мардум дар марҳилаи тозаи рушди ҷаҳон, иҷоза додан ба тамаркузи тамоми неру ба рушди муҳимтарин масъалаҳои давлат аст.
«Муҳим аст, ки бо баргузор кардани интихоботи пешазмуҳлати президент рушди иқтисодиёт тақвият ва иҷрои шудани тадовуми сиёсат таъмин мегардад. Ин иқдом амалан ҷойгузине надорад», омадаст дар муроҷиатнома.
Муроҷиаткунандагон ҳамучунин гуфтаанд, ки соли 2016 замони баргузории ҳам интихоботи порлумонӣ ва ҳам президентӣ фаро мерасад ва барои риояи қатъии меъёрҳои Қонуни асосӣ мувофиқи мақсад аст, ки ин интихобот дар замони гуногун баргузор шаванд.
Бояд гуфт, ки интихоботи гузаштаи президент дар Қазоқистон дар соли 2011 ҳам пеш аз муҳлат баргузор гардида буд, ки дар он Нурсултон Назарбоев бар асоси натиҷаҳои эъломшудаи интихобот аз тарафи Кумиссиюни марказии интихоботи ин кишвар 95,55 дарсади райъро соҳиб ва барои 5 сол президент интихоб шуда буд.
Маҷмаи халқҳои Қазоқистон, ки як ниҳоди машваратӣ дар назди раиси ҷумҳур буда, 20 сол қабл таъсис дода шудааст. Ҳарчанд, ки ҳуқуқи қонунгузорӣ надорад, вале пешниҳодот ва машваратҳое, ки дар нишастҳояш садо медиҳад, аксаран ба лоиҳаи қавонин ва фармонҳо ворид мешаванд.