Таъсиси ҳизби мусалмонии Фаронса баъди қазия "Шарлӣ"
Дар саҳнаи сиёсии Фаронса ҳизби мусулмонӣ бо иддаои рушди умури молии исломӣ ва бекор кардани манъи ҳиҷоб дар макотиби ин кишвар, вориди корзори сиёсӣ шудааст, хабар медиҳад торнамои islamnews.
Иттиҳоди демокросии мусалмонони Фаронса (UDMF) бо роҳбарии Наҷиб Озаргӣ талош доранд, ба бекор кардани ҳиҷоб дар макотиб ва пешгирии "бадном кардани Ислом ва пайванд додани он ба терроризм" даст ёбанд.
Ин ҳизб дар ҳоли ҳозир 900 узв ва бештар аз 8000 ҷонибдор дорад, хабар додаст ин пойгоҳи хабарӣ. Гуфта мешавад, ду номзади ҳизб дар интихоботи моҳи марти Бобини, минтақаи назди Париж, ки дар инҷо бештар аҳолии муҳоҷир ба сар мебаранд, ширкат мекунад.
Таъсиси ин ҳизб дар Фаронса дар ҳолест, ки бар асари ҳамлаи маргбори ба навиштаи расонаҳои аврупоӣ "ифротгароёни мусалмон" ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" мавҷи тазоҳургарон дар ин кишвар ва мамолики дигар Ғарбро ба бор овард.
"Дар чунин вазъи намоишкоронае, ки ҳоло вуҷуд дорад, мо муваззафем, ки садои худро боҷуръаттар баён кунем",- гуфтааст Холид Маҷиди 36-сола, яке аз номзадҳои ин ҳизб.
Акси номзадҳои ҳизби мусалмонии Фаронса