Ифшои таҷовуз ба номуси сокини ноболиғи Душанбе
Мақомоти пулиси Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 20-сола хабар доданд, ки дар таҷовуз ба номуси сокини ноболиғи Душанбе муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ба шӯъбаи пулис дар ноҳияи Фирдавсӣ Н.М, сокини 42-солаи Душанбе муроҷиат карда, гуфтааст, 8 феврал, шахси номаълум духтари ноболиғаш Ҳ.А (соли таваллудаш 2000)-ро ба самти ноҳияи Рӯдакӣ бурда, бо зӯрӣ ба номусаш таҷовуз намудааст.
Мақомот мегӯянд, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти таҷовуз ба номус сокини 20-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дастгир гардид: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад".