НАТО: Ҳузури Русияро дар Укроин "доказать" мекунам
НАТО гуфтааст, ки аснодеро дар даст дорад, ки бо онҳо ҳузури низомии Русияро дар низоъҳои мусалаҳонаи Укроин собит менамоянд.
Йенс Столтенберг, котиби генералии ин паймони низомӣ ба рӯзномаи «Комерсантъ»-и Русия зимни як мусоҳиба аз ин аснод хабар дода, гуфтааст, ки НАТО моил нест бо Русия бархӯрд кунад, балки барои муносиботи шарикии созанда талош дорад: «Василаҳои ҷосусии мо маълумоти мустанадеро аз ҳузури низомии Русия дар шарқи Укроин пешниҳод кардаанд. Мо ин маълумотро аз манбаъҳои мустақил, аз созмонҳои ғайридавлатӣ, ки моро огоҳ мекунанд мегирем ва мебинем, ки дар ин низоъҳо хидматчиёни ҳарбии Русия ба ҳалокат расидаанд», - гуфтааст Столтенберг.