12 соат барқи "гуфта"-и Президент нав ба Хатлон расид
Шабакаҳои барқии ҷануби Тоҷикистон аз коҳиши маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба сокинони деҳоти ин минтақаи кишвар бо дастури ширкати “Барқи тоҷик” хабар медиҳанд.
Раҷаб Бояков, сармуҳандиси Шабакаҳои барқи ҷанубӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, давоми ду рӯз мешавад, сокинони вилояти Хатлон дар як шабонарӯз то 12 соат нерӯи барқ мегиранд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, то кунун ба аҳолии ин минтақаи кишвар то 10 соат нерӯи барқ интиқол меёфт.
Ба қавли сармуҳандиси шабакаҳои барқи ҷанубӣ, ин иқдом дар асоси қарори “Барқи тоҷик” сурат гирифтааст: “Дар ин бора дастури телефонии "Барқи тоҷик" ҳаст ва мо алакай аз соати 16:00-и 15 феврал иҷрои интиқоли 12 соатии неруи барқ ба аҳолиро таҳти назорат дорем.”
Аммо ба гуфтаи Бояков сард омадани боду ҳаво боз метавонад, маҳдудиятро дубора афзоиш диҳад: “Агар ҳарорати боду ҳаво поин фарояд, боз дубора маҳдудият афзоиш меёбад. Вале мо умед дорем, ҳамин маъракаҳои пешазинтихоботиро бо нерӯи барқи 12-соатӣ мегузаронем”.
Ин қарори ширкати "Барқи тоҷик" барои интиқоли неруи барқи 12-соатӣ дар нимаи дуюми моҳи феврали соли равон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23 январ дар паёми солонааш ба парлумон такя ба ҳисоботи "Барқи тоҷик" сатҳи таъмини аҳолӣ бо барқро беҳтар хонда, гуфт, ҳоло сокинони деҳоти кишвар 12 соат неруи барқ мегиранд: “Таъминот бо барқ каме ҳам бошад, беҳтар шудааст. Агар 10 соли пеш аз 2 то 4 соат барқ мегирифтанд, ҳозир мардум беш аз 12 соат барқ мегирад. Инчунин тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои маъмурӣ бо барқ таъминанд”.
Аз сӯи дигар, раиси ширкати “Барқи тоҷик” низ дар посух ба суоли "Озодагон", ки ба “раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи 12 соат таъмин будани аҳолии кишвар бо барқ, кӣ иттилоъ пешниҳод кардааст?” таъкид кард, ин иттилоъро “Барқи тоҷик” пешниҳод кардааст ва он низ ҳақиқат дорад: “Мо ба президент дар мавриди он, ки мардум 12 соат барқ мегиранд, иттилои дуруст пешниҳод кардем. Қаблан воқеан камбудиҳо буданд ва бархе навоҳӣ камтар аз 12 соат барқ мегирафтанд. Ҳозир онро ислоҳ кардаем. Бовар накунед, равед дар деҳот бинед, ки мардум аз 12 соат кам барқ намегиранд”.
Аммо баъд аз чанд соати иддаои раҳбарияти Барқи тоҷик, масъулини телефони боварии ин ширкат ба "Озодагон" гуфтанд, аз ҷорӣ шудани “лимит”-и 12-соатӣ огаҳӣ надоранд.
Навбатдори “Барқи тоҷик” бидуни бурдани номаш рӯзи 27 январ гуфт, ба сокинони деҳаҳои кишвар бояд 10 соат нерӯи барқ дода шавад. Ӯ дар посух ба ин суол, ки чаро ба ҷои 12-соати гуфтаи Рустам Раҳматзода, раиси “Барқи тоҷик” ба сокинон аз 7 то 10 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад, афзуд: “12 не, 10-соатӣ гуфта буданд ва бояд ба сокинони деҳаҳо 10-соатӣ нерӯи барқ дода шавад.”