Ташвиши оҷонсӣ аз фасодкории мансабдорони ноҳияи Рӯдакӣ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо пахши як иттилоия омилҳои аслии ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ дар корхонаву ташкилот ва муассисаҳои ҳукумати ноҳияи Рӯдакиро эълон кардааст.
Ин ниҳод гуфтааст, дар пайи тафтиш ва таҳлили кормандони он муайян гардида, ки “сатҳи содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта аз тарафи кормандон ва шахсони масъули корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи ҳукумати иҷроияи ноҳияи Рӯдакӣ дар соли 2014 коҳиш наёфтааст ва ин вазъ ташвишовар мебошад”.
Ба қавли масъулини оҷонсӣ, интихобу таъйини нодурусти кадрҳо ва набуди назорати дохилиидоравӣ дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ боиси даст задани кормандони масъул ва раҳбарони корхонаву муассисаҳо дар ин минтақа ба ҷиноятҳои марбут ба коррупсия шудааст. “Омӯзиш ва таҳлили хавфҳои коррупсия дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишон дод, ки яке аз сабабҳои мусоидаткунандаи содиркунии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони масъул ва роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ин интихоб ва ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар корхона ва муассисаҳои давлатӣ, дар сатҳи паст қарор доштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва ҳисси пасти масъулиятнокии онҳо, надонистани қонунгузории ҷорӣ оид ба муқовимат бо коррупсия мебошад”,- омадааст дар иттилоияи оҷонсӣ.
Бино ба хабари дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди молии кишвар, дар давоми соли 2014 аз ҷониби кормандони масъул ва роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ 9 ҷинояти коррупсионӣ содир шудааст: “Аз ин шумора, ду ҷиноят бо моддаи 245 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) 3 ҷиноят бо моддаи 247 (қаллобӣ), 1 ҷиноят бо моддаи 319 (гирифтани пора), 1 ҷиноят бо моддаи 322 (хунукназарӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ва 2 ҳолат дигар намуди ҷиноятҳо мебошад”.