Барфи зиёд ва мушкили ғизои Марко Поло дар Помир
Парки миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон мегӯяд, дар пайи барфрезии зиёд дар водии Аличур дастрасии гусфандҳои Марко Поло ва дигар ҳайвоноти минтақа ба ғизо мушкил шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод барои кӯмак ба ҳайвонот дар ноҳияи Мурғоб ба бошишгоҳҳои асосии онҳо алаф, намак ва дигар лавозимотро бурда истодаанд, то зимистонро паси сар кунанд.
Ба ҳисоби масъулин феълан дар Мурғоб беш аз 5 ҳазор гусфанди Марко Поло ва зиёда аз 4 ҳазор бузи куҳӣ иқомат доранд, ки ба ҳавои хунук вале хушки ин минтақа одат кардаанд: «Аммо ахиран дар ин минтақаҳо барфи зиёд борида истодааст ва барои наҷоти ҳайвонот ба ҷойҳои будбошашон алаф партофта мешавад».
Ин дар ҳолест, ки қаблан Абдуқодир Маскаев, масъули ҳифзи наботот ва ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар посух ба суоли «Озодагон» иддаоро, ки гусфандҳои Марко Поло ба далели камбуди ғизо аз Мурғоб ба Чину Афғонистон фирор мекунад, рад кард: “Воқеан сокинони Мурғоб гиёҳи тересканро, ки ғизои Марко Поло низ ҳаст, ба ҳайси сӯзишворӣ истифода мекунанд ва ин гиёҳ майли камшавӣ дорад. Аммо ин мушкил ба минтақаи иқомати Марко Поло дахл надорад, чун аз минтақаҳои аҳолинишин дур ҷойгиранд. Раванди камшавии терескан бештар ба ҳайвоноти хонагии сокинони Мурғоб, аз ҷумла қутос таъсири манфӣ дорад.”
Маскаев эътироф кард, ки гусфандҳои Марко Полои Тоҷикистон ба Афғонистону Чин кӯч мебанданд ва инро як раванди муқаррарии мавсимӣ хонд: “Мо барои нигоҳ доштани онҳо дар қаламрави Тоҷикистон наметавонем, низоми виза ё раводидро ҷорӣ кунем. Баръакс мо ҷонибдори онем, ки сарҳадҳо симхорбандӣ нашаванд, то ин ҳайвон ба таври табии рафтуомад кунад. Ин як ҳайвони кӯчӣ аст, ки мавсимӣ кӯч баста, боз бармегардад.”
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2014 нархи шикори як гусфанди Марко Полоро 45 ҳазор сомонӣ муайян карда, ҳамасола онро болотар мебарад: «Ҳукумат дар мавсими шикори феълӣ барои шикори 80 гусфанди Марко Поло иҷозатнома ҷудо кардааст. То ҳол ширкатҳои сайёҳӣ тавонистаанд барои шикори 67 Марко Поло довталаб ҷалб кунанд».