Хутба: ҲНИТ зидди ҳанафия ва шиагарой аст
Дар намози ҷумъа (13-уми феврали соли 2015) дар бархе аз масоҷид матне қироъат шудааст, ки дар он ба қавли муаллифони гумноми ин навишта «фаъолияти пасипардагӣ ва ҳиллаву найрангҳои ҲНИТ» арзёбӣ шудааст.
Дар ин навишта, ки матни онро торнамои ҲНИТ нашр кардааст, аз интишори матлаби Эшони Сироҷиддин (Сироҷиддин Абдураҳмонов), ки моҳи январи соли 2010 ҷурми пайравӣ ва таблиғи ҷараёни салафия (барангехтани кинаву адовати динӣ) равонаи зиндон шуда буд, истиқбол шуда, ин матлаб тафсиру дуруст хонда шудааст. Дар матлаби Эшони Сироҷиддин ҲНИТ созмони кори дасти неруҳои махсуси хориҷӣ ва берун аз Ислом хонда шудааст.
Ин ҳам дар ҳоле Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯзи 12 феврал зимни як суханронӣ тавассути шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон филми пешазинтихоботии ҲНИТ бо номи «Ҷанг ва сулҳ»-ро мухолифи қонун хонда, таъкид намуда буд, ки дар қонунгузории интихоботии кишвар таҳияи чунин филмҳо пешбинӣ нашудааст.
Ҳамчунин дар ин навиштаи зиди ҲНИТ аз суханрониҳои Ҳоҷӣ Мирзо иқтибос шуда, боздошти мушовири сиёсии раиси ҲНИТ, Ҷалолиддин Маҳмудро аз сӯйи мақомоти амниятии кишвар ёдоварӣ карда, хилофи сулҳу суботи кишвар номида шудааст: «Аз давраи сулҳи тоҷикон қариб 18-сол сипарӣ гаштааст, аммо ба ном "ҳомиёни дини мубини ислом” сатҳи болоии аъзоёни ҲНИТ ҳоло ҳам аз ниятҳои ғаразноки хеш даст накашидаанд. Дуруст мегӯяд Эшони Сироҷиддин, ки ҳизби исломӣ сохтани наҳзатиҳо маҳз барои пардапӯш кардани ғаразҳои сиёсию ифротгароияшон мебошад».
Ҳамчунин дар ин матн аз амалкардҳои Сатторов Маҳдихон бо лақаби "Шайх Темур”, руҳоние, ки Шабакаи авали телевизиони Тоҷикистон бо нашри як филм гуфта буд, ки ӯ худро "Имом Маҳдӣ” ва «пайғамбари охирзамон» меномад, интиқоди шадид шудааст.
Дар поёни ин матн наҳзатиҳоро мухолифи мазҳаби ҳанафия ва шиагаро дониста, бо хитоб гуфта мешавад: «Эй бародарони исломӣ! Фаромуш набояд кард, ки ғараз аз ин рафторҳои наҳзатиҳо теша задан ба пояи арзишҳои равияи ҳанафимазҳабиҳо ва тела додани суннимазҳабиҳо ба равияи шиамазҳаб аст».