Мавлавӣ Маҳмуд: “Ҳар миллатеро хоҳанд, ки аз байн баранд, ҳизбҳои бисёр ташкил мекунанд”
Мавлавӣ Маҳмуд, узви Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон низ зидди бисёрҳизбӣ дар намози ҷумъа баромад кард.
Ӯ рӯзи 13 феврал дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ташкили аҳзоби зиёдро кори дасти онҳое хонд, ки қасди аз байн бурдани миллатро доранд: “Ҳар миллатеро хоҳанд, ки аз байн баранд, ҳизбҳои бисёр ташкил мекунанд.”
Ба гуфтаи оқои Маҳмуд, гӯиё дар кишварҳое, ки аҳзоби зиёд фаъолият доранд, ҳамдигарнофаҳмию тафриқа ҳукмфармост: “Бовар кунед, дар ҳамон давлатҳое, ки ҳизб бисёр аст, ду бародари мусулмонро мепурсӣ, ки чӣ орзуву ҳавас доред, мегӯянд, як бор ҳамсояи худро бубинаму аз аҳволу саломатияш пурсупос кунам. Ва вақте мегӯӣ чи чиз сади роҳи салом кардани ту бо ҳамсояат мешавад, дар ҳоле ки Ислом ба он иҷоза додааст, мегӯянд, “Домулло ту намефаҳмӣ, ӯ аъзои дигар ҳизб ҳаст, ман аъзои дигар”. Ин гуруҳбозӣ аз Исломи азизи мо нест.”
Баромади як узви Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон зидди бисёрҳизбӣ дар ҳолест, ки бархе аз чеҳраҳои мазҳабии тоҷик низ қаблан ба ин нукта ишора карда буданд. Абдураҳим Каримов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки ахиран озими Русия шуда буд, дар як суҳбати ихтисосӣ бо медиахолдинги "TAJINFO" ба ин мавзӯъ дахл кард. Абдураҳим, ки аз худ яке аз асосгузорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ном мегирад, изҳор дошт, “Ислом моро даъват мекунад, ки як ҷамоат бошему ба ҳизбу ҳаракатҳо ҷудо нашавем. Ҳизбу гуруҳ сохтан аз Ислом нест. Ман бешак яке аз асосгузорони ҲНИТ дар минтақаи Хатлон будам, аммо дар хориҷ гашта фаҳмидем, ки ин ҳизб ба манфиати ҷомеаю мусалмонон нест ва аз он даст кашидем.” Ӯ дар идома афзуд, “5 сол дар Афғонистон будем. Дар ин кишвар зиёда аз 80 ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ буданд, ки забони якдигариро наёфтанд. Донишмандону афроди огоҳи Афғонистон гуфтанд, хориҷиҳо то ҳизбҳои исломӣ насохтанд, байни мо ҷанг андохтан натавонистанд. Ҷанг аз ҳизбҳое сар шуд, ки бо номи Ислом душманҳои Ислом сохтанд.”
Аз сӯи дигар, Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон низ дар як хутбаи намози ҷумъа сабаби нооромии баъзе аз кишварҳо ва авҷ гирифтани задухӯрдҳои мазҳабӣ дар онҳоро бисёрҳизбӣ ва бисёрмазҳабӣ дониста, аз сокинон, аз ҷумла ҷавонон даъват кард, ба сухану ҳарфҳои ноширони “наворҳои ҳархела” гӯш надиҳанд ва дар хидмати падару модари худ бошанд, ки паёмбар (с) ризогии Худовандро дар он хондааст: “Ин ҳама бисёрравиявию бисёрмазҳабӣ ва бисёрҳизбӣ, ки ба миён меояд, барои мову шумо баръало равшан аст, ки болои мардум фитнаҳо эҷод мекунанд ва бо гумроҳ кардани бархе аз нафрон дар мағозаву бозорҳо таркишҳо ба миён меоранд. Барои мову шумо зарур аст, аз ин ҳизбу равияҳо худро канор гирем.”