(АКС) Ҳизби Кабирӣ ва бархе номзадҳои ҲХДТ ба кӣ намефорад?
Дар баъзе аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, “маърака”-е ба ҷонибдорӣ ва алайҳи номзадҳои аҳзоби сиёсии кишвар ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар интихоботи парлумонии якуми марти соли равон оғоз гардидааст. Ин “маърака” иборат аз пора кардан ва ба замин партофтани аксу барномаи онҳо мебошад.
Аз рӯи мушоҳидаҳои хабарнигори “Озодагон”, бештар акси номзад ва барномаҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби халқӣ-демократӣ-ҳизби ҳоким дар кишвар пора ва ба замин партофта шудаанд. Чунин “маърака” дар интихоботҳои гузаштаи парлумонӣ ва президентии Тоҷикистон низ хеле зиёд мушоҳида шуда буд.
Чанде аз ин аксҳоро дар ихтиёри хонандагон мегузорем ва агар Шумо аксҳои бештаре доред, лутфан ба мо фиристед: ozodagonweb@gmail.com