Вализода: Вазну эътибори сиёсии аҳзоб назди ҳукумат аз писарони “угай” ҳам поинтар аст
Асадулло ВАЛИЗОДА
Фазои сиёсии кишвар бо оғози марафони интихоботӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ранги табииро ҳамон вақт доро мешавад, ки вакилшавандаҳову аҳзоби сиёсӣ аз масоили доғи рӯз ба таври ҷиддию мушаххас сухан намуда, мавзеъгириҳои қонунӣ ва таккондиҳанда намоянд. Агар ин сабқат тавассути ташкилкунандаҳои интихобот дар симои КМИРТ, ҳавзаву қитъаҳо мунсифона ва бетарафона роҳандозӣ шавад, набояд ҳар соҳибмансабу ниҳодҳои қудратӣ ба раванди он бо иқдомҳои ғаразноку ғайриқонунӣ халал ворид намоянд ва бо ин васила шаффофияти ин чорабинии муҳими сиёсиро зери суол баранд. Вале аз шикояту вокунишҳои аҳзоби сиёсии мухолиф унвонии КМИРТ, сабти ном нашудани шахсиятҳое, ки дар ҷомеа маъруфият доранд, бархурди ғайрисозанда ва чашмпӯшии ин мақоми босалоҳият аз қонуншиканиҳо ва падидаҳои номатлуб, ки иддае аз онҳо дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, фазои интихобитиро сарду ҳизбҳои сиёсиро дар ҳолати ноумедӣ ва ҳаяҷон қарор медиҳанд. Ин воқеияти радношаванда баёнгари он аст, ки мақомоти иҷроия ва ниҳодҳои танзимгари интихобот ба ҳарфҳои ошкори раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси алтернативӣ ва шаффоф бо риояти тамоми меъёрҳои демократӣ гузаштани интихобот аҷр қоил нестанд ва онро нодида мегиранд. Бо фаъолиятҳои зиду нақиз эшон худро мисли ашхоси “супоришҳои махсус” дошта вонамуд карда, ба хотири “сарсупурдагӣ” ба ҷараёни озоди сабқати интихобот саддҳои “чинӣ” мегузоранд. Баъзе ниҳодҳои марбутаи давлат муҳити интихоботиро бо тафтишу пурсуҷӯ ва суҳбатҳои “маҳрамона” ғуборолуд мекунанд. Агар ин фазои нобоварӣ идома ёфта, бо ҳар баҳонае ба рафти интихобот монеаҳо эҷод гарданд ва билохира шумориши оро бидуни ширкати намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ гузарад, аз кадом шаффофият метавон ҳарф зад?
Маҳз чунин карахтии ташкили маъракаи интихоботӣ ва эҳтимолоти қонуншиканиҳо буд, ки шахсиятҳои матраҳи ҷомеа аз номзад шудан ба ҳайси вакил худдорӣ намуданд. Ин падидаи манфӣ ва зангулаи изтиробнокест, ки ба он беэътиноӣ варзидан ба зарари ободонию ислоҳоти сиёсии кишвар тамом шуда, ҳайсияту обрӯи байналхалқии онро камрангтар хоҳад кард. Ба андешаи коршиносони умури сиёсӣ ин фаъолиятҳои ноодилонаро ба ҷуз тамаллуқу тарафгирии ҳизби ҳоким, ки ағлаби соҳибмансабон узви он мебошанд, дигар хел наметавон унвон кард. Аз дигар нигоҳ, дар баъзе маворид дидгоҳҳои мақомот мероси мафкураи замони яккаҳокимиятию яккаҳизбии шӯравиро ба ёд меоварад. Он даврон ба ҷуз ҳизби коммунистӣ дигар аҳзобе набуданд, ки талабгори орои мардум шаванд, аммо дар замони нави гуногунҳизбӣ бо тарзи куҳна наметавон роҳбарӣ намуд. Вақти он расида, ки ҳукумати кишвар бо иродаи неки сиёсӣ ба дигарандешон низ дар парлумон ҳиссаи бештаре қоил шавад. Бо омадани чанд намояндаи мустақили озодандеш ва намояндагони ҳизбҳои мухолиф дигаргунии чиддие дар низоми ҷомеа рух намедиҳад, аммо боварӣ ба фардои нек дар қалби мардум пайдо шуда, ба таҳаввулот ва такомули ҷомеа умед мебандад. Мусалламан, дар ҳар кишваре новобаста аз дараҷаи пешрафту сохти идориаш, ҳама гуна интихоботе, ки бо нисбияти 50-60 дарсад ё зиёда аз он ба фоидаи танҳо як ҳизб тамом мешавад, дар он ғолибан эҳтимоли фиребу тақаллуб ба вуҷуд меояд. Ба ақидаи коршиносон андарзи машҳури сиёсие вуҷуд дорад, ки “агар аз парлумон садои баҳсу кашокаш наояд, ин садо дер ё зуд ҳатман аз хиёбонҳо хоҳад омад”.
Мутаассифона, бархурдҳои ғайриқонунии мақомоти маҳаллӣ, бархе тасмимҳои КМИРТ-у намояндагони ҳавзаҳо ва тавассути баъзе уламои динӣ, олимону коршиносони муассисаҳои илмӣ ва дӯстдорони тамаллуқ, роҳандозии маъракаи сиёҳкунии аҳзоби мухолиф, дар арафаи интихобот баёнгари он аст, ки фурсатталабон ҳирси буғи намудани дигарандешонро дар сар мепарваранд. Махсусан, ба маърази баҳс кашидани масоили ақидатӣ дар матбуоту шабакаҳои иҷтимоӣ ба амнияту оромии ҷомеа хатарзо буда, дар оянда бо вахимтар шудани ҳолати иҷтимоии мардум ба ташаннуҷи авзои сиёсӣ заминасоз хоҳад шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки падидаи фаъолияти ҳизби динии сиёсӣ дар ҷомеаи дунявӣ маҳсули тавофуқномаи Сулҳи тоҷикон буда, аз нигоҳи қонунӣ баррасӣ ва ҳаллу фасли худро ёфтааст ва Сарқонуни кишвар мавҷудияти ҳизби диниро тазмин менамояд. Ревизияу мухолафат ба талаботи Конститусия бояд муҷозоти қонунӣ дошта бошад. Баръакс, аз ин дастоварди нодири дипломиатияи тоҷикон дар охири қарни 20 чун мояи оромии ҷомеа бештар ҳарфу баҳсҳои созанда намуд, то ин таҷриба дар истиқрору муколамаи тарафҳои даргири манотиқи доғи олами Ислом мавриди истифода қарор гирад.
СУКУТ БАР ЗУЛМ ИСТИБДОД АСТ!
Давраи таблиғи интихоботӣ барои намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, хусусан мухолиф, фурсати тиллоӣ, санҷиши сиёсии содиқият ба арзишҳои умумибашарӣ ва умумимиллӣ барои расондани паёму мавқеи созандаи хеш дар масъалаҳои муҳими рушду нумуи ҷомеа буда, ҳар лаҳзаи он дуруст ва босамар мавриди истифода бояд қарор гирад. Бо мардум бо назардошти савияи фаҳмиш ва дараҷаи тараққиёти ҷомеа атрофи масоиле бояд ҳарф зад, ки ба дигаргун шудани ҳаёти иҷтимоиаш мусоидат кунад. Набудани ҷойҳои кории мувофиқ, камбуди музди маош, норасоии барқ, муҳоҷарати маҷбурӣ, бепушту паноҳӣ, беҳуқуқии шаҳрвандон дар ғурбат, бахусус, Русия, камбудиҳо дар таълиму тарбтия, фишорҳову нақзи ҳуқуқҳои динӣ дар таълим, иҷрои маросимҳои динӣ ва амсоли он аз масоили доғи рӯзанд, ки бе танзиму ҳалли дурусти он наметавон ба ҷомеаи мутамаддини мутараққӣ ноил шуд.
Авлодбозӣ, минтақагароӣ, маҳалгароӣ ва ҷӯрабозию тағобозӣ дар тамоми самтҳои ҳокимият, набудани адолати судӣ, волоияти воқеии қонун, адолати иҷтимоӣ, фасодзадагӣ аз дардҳои муҳлики ҷомеаи имрӯзаанд, ки берешакан кардани он кишвар дар ҳолати карахтию таназзул боқӣ хоҳад монд. Вале монеаи асосии тараққиёту таҳаввулоти ҷомеаи имрӯза таъмин набудани фазои сиёсию ҳуқуқии озод барои пайдоишу рушди афкори бунёдӣ аст, андешаи умумиллие, ки ашхоси солимфикрро аз қишрҳои гуногуни ҷомеа новобаста аз дидгоҳҳои сиёсӣ, динӣ, фикрӣ ва мансубияти миллӣ дар атрофи худ муттаҳид сохта, ҷомеаро мунтазам ва тадриҷан ба натоиҷи матлуби созанда бурда тавонад. Аз ин рӯ, вақти он расида, ки аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва шахсиятҳои матраҳи ҷомеа бо нигоҳи башардустӣ аз маҳбусон Зайд Саидов, Шуҳрат Қудратов, Мақсуд Иброҳимов, Салим Ёқубов, Савриддин Ҷураев, Муҳаммадрузӣ Искандаров ва дигар маҳкумшудагон, ки парвандаҳояшон иртибот ба фаъолиятҳои сиёсии онҳо дошта, мармузанд, пуштибонии худро изҳор доранд. Бешубҳа, ин кори хайрест, ки бояд иҷро шавад. Дар ҳоле ки зиндонии маъюб Зайд Саидов, ки марҳуни (гаравгон) андешаи солими бунёдӣ ва ислоҳотхоҳӣ дар рушди иқтисоди шуда, новобаста бар асари ҳукми ноодилона ба зиллату хорӣ ва тавҳину таҳқир тан надода, руҳан афкорашро озод нигоҳ доштааст ва аз дохили маҳбас имдоди ҳамраъйӣ мекунад, то баррасии қазияии иқтисодии парвандааш ошкоро дар ҳузури коршиносону рузномонигорон сурат гирад, хомӯш истодани аҳли ҷомеа адолат нест.
Аҳзоби сиёсӣ дар таблиғоти хеш аз чунин қазия, ки ҷузъи рисолати башардустию ҷомеасозӣ ва ҳақталошиашон мебошад, наметавонанд чашм пӯшанд. Дар ҳолате ки тақдири инсони бегуноҳ дар чунин тарозу қарор дорад, ба зулми сиёсию иҷтимоӣ сукут ихтиёр кардан, ин худ истибдод ва беэътиноӣ ба қадру қиммати шахсият аст, инсоне, ки ҳаёташро фидои фардои неки кишвар намуда, ҷабран дохили зиндон шуд. Адами додрасӣ ба чунин мазлумин маҳрум шудан аз нусрату каромати Парвардгор ва сабаби заволи ҷомеаҳост, ки Паёмбар (с) умматашро хатар дода ва ҳамчунин таъкид намуда, ки “бародаратро дар ҳолати золимию мазлумӣ кумак намо”. Ҳарду тарафи қазия: намояндагони ҳукумати судӣ ба мушикофона баррасӣ намудани парванда ба кумаку насиҳат эҳтиёҷманд буда, ҷабрдида бошад, ба мурофиаи мунсифона ниёз дорад, ки ҳам қозию ҳам зиндонӣ аз шаҳрвандони ҳамин кишвар ва ёру бародарон ва ақрабои якдигаранд.
Бешубҳа, вазну эътибори сиёсии аҳзоби мухолифин назди Ҳукумат аз писарони “угай” ҳам поинтар аст ва новобаста аз натоиҷи интихобот ба ҷои муносибу мақоми арзанда ноил шуданашон аз воқеият дур ба назар мерасад. Вале дар радифи дигар мавқеъҳо иқдомҳои хайрхоҳона нисбати маҳбусон ва шиканҷа дар зиндонҳо оборӯю эътиборашонро ҳамчун нерӯи умумиватанӣ ва гуруҳи адолатпарвару боинсоф ва ислоҳгар боло бурда, мардумро бештар ба интихобот омодаю ба дифоъ аз овозҳои хеш ҳавасманд мекунад. Ҳамчунин, дар маҳофили сиёсии таъсиррасон андешаҳои аҳзоби мухолиф дар танзиму такомули ислоҳоти сиёсии кишвар мавриди назар қарор хоҳад гирифт. Чунин мавқеъгириҳо ҳукмуматро водор мекунад, ки бо таваҷҷуҳ ба манофеи умумиллӣ ва вазъияти ҷаҳонию иқлимӣ минбаъд дар сиёсатҳои дохилию хориҷиаш ба зарфияти аҳзоби сиёсӣ эътибори ҷиддӣ ва дидгоҳи созанда дошта, муколамаи васеъи умумиватаниро бо ширкати бевоситаи мухолифин ба роҳ монад.
Аммо саҳнасозию ба ҳолати мавҷуд созгорӣ кардан, бетарафию мухолифи “кисагӣ” буданро мемонад, ки чунин заъфи сиёсӣ ба масали”сукут аломати ризост” шабоҳат дорад ва он ба тирагии таҳаввулоти мусбати фазои сиёсию иҷтимоии кишвар ва рукуди ҷомеа дар оянда низ таъсири мустақим хоҳад дошт.
Ба андешаи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ:
Фард меёбад зи миллат эҳтиром,
Миллат аз афрод меёбад низом.