Оғози марҳилаи аввали сабқати Ҷоми ФФТ
Имрӯз, 14 феврали марҳалаи аввали мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз мешавад.
Тавре аз ФФТ хабар доданд, бози аввал бо рақобати дастаҳои “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд аз минтақаи вилояти Суғд оғоз меёбад.
Гуфта мешавад дар минтақаи вилояти Суғд шаш даста дар ду гуруҳ: се дастаи лигаи олии вилоят – “Хуҷанд”, “Далерон-Уротеппа” ва “Парвоз” дар гуруҳи “А” ва дастаҳои “Канд”-и Конибодом, “Қайроқум” ва “Эсхата” дар гуруҳи “Б” шомиланд. Тибқи муқаррароти бозӣ ғолибони ин давр метавонанд ба марҳилаи финалии мусобиқа роҳхат бигиранд.
Манбаъ мегӯяд, ҳамчунин дар ин даври мусобиқот дар минатақаи Душанбе 7 даста – “Истиқлол”, СКА “Помир”, “Хайр”-и Ваҳдат, “Регар-ТадАЗ” аз лигаи олӣ ва “Куктош”, “Локомотив”-у мунтахаби ҷавонони кишвар (U-23) иштирок хоҳанд кард.
“Рақобати аввал барои дарёфти Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе санаи 16 феврал аз бозии "Хайр" бо “Регар-ТадАЗ” ва мунтахаби футболи ҷавонон (U-23) бо “Kуктош” оғоз мешавад”-меафзояд манбаъ.
Дафтари матбуотии Федератсияи футболи кишвар мегӯяд мукофот дар ин мусобиқа барои ҷои аввал 45 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Ғолибони ҷои ду ва сеюм мутаносибан 20 ва 10 ҳазор сомонӣ мегиранд.