Эҳтимоли лағви таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия
Ричорд Сакво, профессори факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Кенти Бритониё гуфтааст, ки баъди нишасти Минск, Ғарб дигар баҳонае барои тамдиди таҳримҳо алайҳи Русия надорад.
Ин профессори бритониёӣ гуфтааст, ки агар таҳримҳо лағв нашавад Русия бо кадом мантиқ дар ҷараёни эҷоди сулҳ иштирок мекунад ва худдорӣ аз лағви таҳримҳо алайҳи Маскав иштибоҳи бузургест аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо.
Ин суханонро Сакво ба ин далел гуфтааст, ки Русия нақши кафилии ҳамоҳангсози авзоъ дар Укроинро ба дӯши худ гирифтааст ва агар ҳамаи тарафҳо уҳдадориҳои Созишномаи Минскро иҷро кунанд, Иттиҳоди Аврупо дигар далеле барои идомаи таҳримҳо надорад.
Аммо коршиносони зиёди умури байналмилалӣ ба риояи комили бандҳои Созишномаи Минск хушбин нестанд, ҳарчанд котиботи давлатии ИМА низ гуфтааст, ки агар ин созишнома ба шакли пурра амалӣ шавад имконияти баргашт ба шароити қаблазтаҳримии муносибот вуҷуд дорад.
Аммо сухангуйи раисҷумҳури Русия, Димитрий Песков гуфтааст, ки дар нишасти Минск масъалаи лағви таҳримҳо баррасӣ нашуд ва Русия ҳам ин масъаларо дар дастури кори худ қарор надода буд. Ба гуфтаи Песков “таҳримот мушкили Русия нест, балки масъалаи онҳоест, ки аз чунин силоҳи дудама истифода мекунанд”.
Бояд гуфт, ки дар нишасти Минск раисҷумҳурони Русияву Фаронсаву Укроин ва садри аъзами Олмон ба мувофиқа расиданд, ки шуруъ аз 15-уми феврал дар Укроин оташбас эълом мешавад. Ҳамчунин дар ин нишаст Созишномае ба тасвиб расид, ки бар асоси он вазъ дар Укроин ба танзим дароварда мешавад ва шароитро барои сулҳ ва амният фароҳам мекунад.
То ҳол дар даргириҳои байни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар шарқи Украина аз моҳи апрел то кунун бештар 5 350 нафар кушта шудаанд.
Эҳтимоли лағви таҳримҳо алайҳи Русия дар ҳолест, ки таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон низ расидааст, зеро Русия шарики асосии тиҷории Тоҷикистон буда, дар ин кишвар ҳудуди як миллион муҳоҷири кории тоҷик фаъолият доранд.