Мақомот ба номзади ҲНИТ: Муқобили намояндаи Президент набаро
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз фишорҳои бешумори мақомот болои номзадҳояш ба маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ хабар медиҳад.
Ба иттилои маркази матбуотии Ситоди интихоботи ҲНИТ, раиси шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, Муродбек Бобиев аз номзади ҳизб дар ҳавзаи интихоботии Деҳотӣ, № 1-и ин ноҳия Умаршо Давлатов талаб кардааст, ки номзадиашро бозпас бигирад, зеро дар ин ҳавза раиси ноҳия Саидмурод Тағоев низ номзад мебошад. Ин номзади ҲНИТ гуфтааст, ки аз рӯзи пешбарии номзадияш то кунун ба ӯ борҳо занг задаву гуфтаанд, ки «аз руй одоб нест, агар ту муқобили раиси ноҳия мубориза барӣ, зеро ӯ намояндаи президент дар ноҳия мебошад».
Ин номзади ҲНИТ гуфтааст маҷбур аст телефонии худро хомӯш кунад, то дигар ба ӯ фишор наоваранд.
Ҳамчунин ба иттилои маркази матбуотии Ситоди интихоботии ҲНИТ дар ин ноҳия кормандони мақомоти амният номзади дигари ҲНИТ, Абдураззоқ Шариповро иҷборан ба мошин савор карда ба ҳавзаи "Алибой”-и №9 меоранд, то аз номзадияш бо навиштани ариза даст кашад. Кормандони амният бо навиштани ариза ва даст кашидани номзадияш ӯро ба хонааш бозпас меоваранд. Ин иттилоъро ҲНИТ аз забони раиси бахши ҳизбашон дар ин ноҳия пахш кардааст.
Ҳамчунин ба иттилои ин манбаъ номзади ҳизбашон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҳам ба мақоми маҷлиси вакилони ноҳия ва ҳам вилоят Салим Исобоев ба далели чанд муддат дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан номнавис нашудааст. Аммо баъди ин ки номзад аз болои ин ҳавзаҳо шикоят мекунад, рӯзи 12-уми феврал соҳиби шаҳодатномаи номзадӣ мегардад.