Ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар Франкфурт ба намоиш гузошта мешавад
Маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии Ambiente ба намоиш гузошта хоҳад шуд. Ин намоишгоҳи байналмилалӣ аз 13 то 17 феврали соли равон дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, барои аввалин бор аст, ки маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи байналмилалии молҳои истеъмолӣ - Ambiente ба намоиш мебарояд.
Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон ва ширкати “Умед” бо мусоидати Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи тиҷоратии молҳои истеъмолӣ дар ҷаҳон намояндагӣ мекунанд. Ин сафар аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Ҳамасола, дар намоишгоҳи Ambiente 4700 ширкат аз қариб 90 кишвар, ва тақрибан 145000 меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ҷараёни он, чандин чорабиниҳои дигар гузаронида мешаванд, ки дар онҳо равандҳои тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин, имконияти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меояд. Ширкаткунандагони намоишгоҳ аз навовариҳои корбурдӣ дар мӯди тарроҳӣ ва равандҳои мӯдсозии бозор огоҳ мешаванд.