Ғаффоров дар бораи ипотекаи 25-сола, табобати ройгон ва Фарҳоди асри 21
Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон шоми 12-уми феврал дар баромади пешазинтихоботии худ тавассути шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон чанд нуктаи барномаи пешазинтихоботии ҳизбашро муаррифӣ кард.
Абдуҳалим Ғаффоров гуфт, имрӯз бисёре аз ҷавонон истеъдоди қавӣ доранд, вале бо иллати мавҷуд набудани шароити иҷтимоӣ наметавонанд истеъдоди худро рушд бидиҳанд. Номбурда мегӯяд, барномаи ҳизби онҳо пешниҳоди қарзҳои бефоиз ба ҷавонони боистеъдодро пешбинӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, бояд ба чунин ҷавонон қарзҳои ипотекӣ ба муҳлати 25 сол дода шавад.
Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таъкид намуд, дигар масъалае, ки дар барномаи ҳизби онҳо мақоми муайнеро дорост, омӯзгор ва мақоми ӯ дар ҷомеа мебошад. Ӯ мегӯяд, бархе омӯзгорон ҳуқуқҳои худро дуруст намедонанд ва аз имтиёзҳое, ки қонунгузорӣ ба онҳо додааст, бехабаранд: “Масалан моҳи августи соли 2013 мо қонун дар бораи маорфиро қабул кардем, вақте аз омӯзгорон мепурсидам, ки ин қонун, ки чанд мартиба аз ҷониби парлумон бо таҳриру иловаҳо коркард шудааст, чи имтиёзҳо барои шумо додааст, муттаасифона намедонанд”.
Ғаффоров қайд намуд, рушди соҳаи тандурустӣ ҳам аз мавзӯъҳои муҳими ҳизби сотсиалистӣ буда, онҳо ҷонибдори ташаккул додани сатҳи касбии табибон мебошанд: “Хеле хуб медонем, ки бисёр технологияҳои муосир дар бахши тандурустии мо харидорӣ шудааст, вале мутассифона мутахассисоне надорем, ки аз ӯҳдаи истифода чунин технология баромада тавонанд. Яъне ба чунин хулоса меоем, ки фарзандони овозадори шайх Абуали Ибни Сино, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрати пизишкони моро берун аз марз бароварда буданд, бояд аз нав барқарор кунем”.
Ба қавли номбурда имрӯз, дар Тоҷикистон бемориҳои қалбу асаб хеле зиёд шудааст, бино бар ин вазифаи онҳо ин аст, ки бояд қонун дар бораи ройгон табобат кардани ингуна бемориҳоро омода намоянд. Абдуҳалим Ғаффоров ҳамчунин иброз дошт, бояд назорати доруҳое, ки аз берун ворид мешаванд, ҷиддтар шуда, ниҳодҳои дахлдор масъалаи нархҳои дандоншикани доруҳоро зери назорати қатъӣ бигиранд.
Раиси ҳизби сотсиалистӣ дар баромадаш масъалаи андоз ва андозбандиро аз масъалаҳои муҳим хонда, гуфт, “агар мо андозро насупорем буҷаи мо ғанӣ намегардад. Боиси дастгирӣ аст, ки имсол дар паёми президенти кишвар аз 15 миллиарду 300 миллион сомоние, ки ҷудо карда шудааст, 50 фоизи он барои беҳдошти ҳаёти иҷтимоии мардум равона гардидааст, ки қобили дастгирист”.
Абдуҳалим Ғаффоров иброз намуд, бояд ниҳоди зиддимонополии назди ҳукумати Тоҷикистон дарк ва эҳсос намояд, ашхосе, ки сазовори ин ё он иншоот нест, бояд иншоотро аз нав ба давлат супоранд ва афроди кордону корчалон ва дилсузӣ Ватан онро мавриди истифода қарор диҳанд: “Замин бояд ба дасти деҳқони асил баргардад ва ин деҳқони асил тавонад, ки дар як замин ду ҳосил гирад. Вақте мо дар бораи фарҳанг мегӯем шоирон ва нависандагони мо Фарҳоди асри 21-ро биёфаранд. Насли имрӯза бояд далерӣ, мардонагӣ ва шуҷоати мардуми Тоҷикистонро ифода кунад” .