Тағйироти кадрӣ дар Хуҷанд. Курсии бахши дин раҳбари нав ёфт
Шаҳрдори Хуҷанд бо судури як қарор Миркамолов Муҳсин Насруллоевичро мудири бахш оид ба корхои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии маркази вилояти Суғд таъин кардааст. Дар ин бора аз дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд ба “Озодагон” иттилоъ доданд.
Ҷаноби Миркамолов то расидан ба ин симмат шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Хуҷандро раҳбарӣ мекард. “Роҳбари пешинаи бахш Орипов Муъминҷон Нагманович бинбар расидан ба синни нафақа бо хоҳиши худаш аз вазифа озод шуд”,-меафзояд манбаъ.