Бузургмеҳр Ёров аз болои КМИР ба Додгоҳи олӣ шикоят мебарад
Бузургмеҳр Ёров, ҳуқушиноси маъруфи тоҷик мегӯяд, аз болои қарори ахири Комиссияи марказиии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар мавриди радди сабти номзадияш ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба Додгоҳи олии кишвар шикоят мебарад.
Ҳуқуқшиноси тоҷик дар саҳифаи Фейсбуки худ навиштааст, рӯзи 12 феврал “бо қарори №45-и КМИР шикояти ман нисбати қарори №7-и комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакили МН МО ҶТ рад карда шуд”. Ба гуфтаи Ёров, ҳарчанд масъулинги КМИР зимни баррасии шикояти ӯ тасдиқ карданд, ҳангоми қабули қарори №7-и комиссияи ҳавзавии якмандатӣ қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ба назар гирифта нашудааст, вале боз ҳам ин қарор бетағйир гузошта шуд: "Дар баробари ин, КМИР ба хулоса омад, ки доир ба камбудиҳои дар қарор ҷойдошта, диққати роҳбарияти комиссияи ҳавзавии якмандатии интихоботии Сомонӣ №8 ҷалб карда шуда, дастур дода шавад, ки дар фаъолияти минбаъдаи худ ҳангоми қабули қарор талаботи қонунгузории интихоботӣ қатъиян риоя карда шавад.”
Ҳуқушиноси тоҷик дар идома афзудааст, радди шикояти ӯ аз болои қарори комиссияи ҳавзавии якмандатии интихоботии Сомонӣ №8 дар ҳолест, ки дар ин чаласа Арбобов З, раиси ҳавза ҳузур дошта, гуфтааст, “Маҷлиси Намояндагон ҷойи Ёров Б. Р. ва ба ин монанд инсонҳо нест, зеро онҳо мақсади ҷангу иғворо доранд.”
Аз сӯи дигар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ иддаои дигари комиссияи ҳавзавии якмандатии интихоботии Сомониро, ки гӯиё Ёров забони давлатиро намедонад, рад карда, дар қарори ахири худ, зикр кардааст, "ин эроди комиссияи ҳавзавӣ беасос мебошад. Зеро, шаҳрванд Ёров Бузургмеҳр нусхаи хулосаи КМИР-ро дар бораи он, ки забони давлатиро медонад, пешниҳод намудааст".
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 12 феврал дар пайи ҷаласаи навбатии худ хабар дод, дар ин ҷаласа шикояти Бузургмеҳр Ёров баррасӣ шуда, қарори комиссияи ҳавзавии якмандатии интихоботии Сомонӣ №8 дар мавриди сабти ном накардани номзадии Ёров бетағйир гузошта шуд. Чун ба иддаои масъулини КМИР, гӯиё “Дар натиҷаи санҷиши шикоят муайян гардид, ки Ёров Б. воқеан ҳуҷҷатҳои мазкурро ба комиссияи ҳавзавӣ пешниҳод накардааст.”