Боздошти сардори шӯъбаи САҲШ барои 1500 сомонӣ
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти сардори шӯъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар медиҳад.
Муҳсинҷон Юсуфов, масъули дафтари матбуоти РУД имрӯз, 13 феврал ба “Озодагон” гуфт, “Ҳ.Ғ.-и 56-сола ҳангоми гирифтани 1500 сомонӣ ҳамчун пора боздошт гардид”.
Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда ин маблағро барои иваз намудани ному насаби як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов гирифтааст: “Далели шайъӣ гирифта шуд. Оид ба ин далел тибқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз гардида, тафтишот идома дорад”.