Болоравии қурби доллар ва рубл дар Тоҷикистон
Қурби доллари амрикоӣ ва рубли русӣ дар Тоҷикистон боло рафта, феълан арзиши як доллари амрикоӣ 5,74 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ 87 сомониро ташкил медиҳад.
Субҳи имрӯз, 13-уми феврал қурби 1000 рубл дар нуқтаҳои мубодилаи асъори маркази Душанбе- 85-87 сомонӣ ва як доллари амрикоӣ 572-574 сомонӣ нишон дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл арзиши як доллар 5,68-5,70 сомонӣ ва арзиши 1000 рубл 80-83 сомониро ташкил медод.
Қаблан Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар мавриди дурнамои қурби асъори хориҷӣ дар кишвар гуфт, ки пешгӯии он душвор аст. Ба гуфтаи ӯ қурби асъор дар бозори нақди кишвар аз омилҳои берунӣ, аз ҷумла нархи нафт ва буҳрон дар кишварҳои шарики Тоҷикистон, аз ҷумла Русия вобастагӣ дорад: “Пешгӯии дарозмуддат кори душвор аст ва ҳатто кишварҳои Аврупо наметавонанд, дурнаморо дақиқ пешгӯӣ кунанд.”