Машваратҳо дар Шӯрои Амнияти СММ дар бораи эътирофи истиқлоли давлати худгардони Фаластин имрӯз оғоз мегарданд.
Тибқи иттилои шабакаи телевизионии «Евронюс» ИМА аллакай эълом дошт, ки ба тарҳи қатъномаи эҳтимолии ба расмият шинохтани ин кишвар вето мегузорад. Гуфта мешавад, аксари кишварҳои узви СММ ва аъзоёни ША-и СММ ҷонибдори эътирофи Фаластинанд, ба ҷуз Амрико. Вазири умури хориҷии Исроил Авигдор Либерман, зимни як суханрониаш дар шабакаи телевизионии NBC ба Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки баррасии аризаи Фаластин метавонад паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи якшанбеи 25-уми сентябр ҳазорҳо сокинони шаҳри Рамаллоҳ ба кӯчаҳои шаҳр баромада, раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббосро, ки рӯзи ҷумъа ба СММ ариза дар бораи эътирофи истиқлоли Фаластинро ироа кард, гарм истиқбол намуданд.
Маҳмуд Аббос гуфтушунид бо Исроилро дар мавриди эътирофи Фаластин аз манфиат холӣ надониста гуфт, аммо ин гуфтушунидҳо дар сурате шурӯъ мегарданд, ки Тел-Авив аз марокизи ишғолкардааш берун биравад ва бунёди манзилҳои маскуниро дар он ҷо билфосила кунад.{jathumbnail off}