Гуфтанист, устоди ботаҷрибаи эронӣ- Сайидризо Нақибуссодот ва Акбари Насруллоҳӣ, ки дар донишгоҳҳои мухталифи ин кишвар ба тадриси рўзноманигорӣ машғул буда, дар ин замина даҳҳо таълифот анҷом додаанд, перомуни мавзўъҳои «Тарзи пайдо кардани сюжет барои хабар», «Равиши бумии тавлиди хабар», «Рўзноманигории бўҳрон» ва «Маънишиносии хабар» дарс хоҳанд гуфт.
«Форс», ки аввалин хабаргузории ғайридавлатии Эрон аст, дар соли 2002 таъсис ёфта ва ҳоло яке аз шинохтатарин расонаҳои ин кишвар ба шумор меравад. Ин хабаргузорӣ бо ҳадафи барқарор кардани иртибот бо мухотабони хориҷии худ дар соли 2005 пойгоҳи англисӣ, сипас арабӣ ва туркии худро низ эҷод кард ва дар ояндаи начандон дур роҳандозии бахши русиро низ дар назар гирифтааст.
Тоҷикистон нахустин кишвари шўравии собиқ аст, ки дар беш аз ду соли пеш ҳабаргузории «Форс» намояндагии худро ташкил кард ва аз ин тариқ ба муаррифии беҳтари ин кишвари дўст ва ҳамзабон барои хонандагони сершумори худ ноил гардид. Эҷоди бахши тоҷикии (кириллии) «Форс» низ дар дастури барномаҳои ояндаи ин хабаргузорӣ қарор дошта ва ин иқдом ба унвони фурсати муносиб дар ҷиҳати ошноии бештари мардуми ду кишвар ва мубодилаи тавлидоти расонаии Эрон ва Тоҷикистон дониста мешавад.
Маврид ба ёдоварист, хабаргузории «Форс» имрўз инчунин дар кишварҳои мухталифи дунё, назири Лубнон, Сурия, Миср, Фаластин, Ироқ, Афғонистон, Покистон, Урдун, Сингапур, Ҳинд, Қирғизистон, Туркманистон, Англия, Амрико, Фаронса ва ғайра хабарнигор дорад.{jathumbnail off}